Навгониҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, НЎЪМОН МАҲМУДОВ!

Мубодила:

 

Имрӯз яке аз маърифатпарварони Самарқанд пажӯҳишгари адабиёти классикӣ, эҷодкори пухтакор НЎЪМОН МАҲМУДОВ зодрӯз дорад.

Нӯъмон МАҲМУДОВ 5 уми майи соли 1950 таваллуд ёфтааст. Ӯ баъди хатми мактаби рақами 22-юми шаҳри Самарқанд дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таълим гирифтааст.
Фаъолияти меҳнатии Н. Маҳмудов аз омӯзгорӣ дар Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Соли 1974 омӯзгори ҷавонро ба вазифаи роҳбари «Музейи таърихи ҷавонон»-и назди Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон таклиф карданд. Вай дар ин ҷо то соли 1976 кор кард. Сипас дар кумитаи иҷроия ва ташкилоти ҳизбии ноҳияи Боғишамол, солҳои 1991-1992 дар Шӯрои Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд, солҳои 1992-1993 чун ҷонишини ҳокими ноҳияи Боғишамол доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолият пеш бурд.
Соли 1993 Н. Маҳмудовро сардиректори Музей-мамнӯъгоҳи давлатии муштараки таърихӣ-меъморӣ ва бадеии Самарқанд таъин карданд. Вай дар ин вазифа 16 сол заҳмат кашид.
Баробари ҳамин, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии ба воқеа ва шахсҳои таърихӣ бахшидааш дар рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногуни вилоятӣ ва ҷумҳурӣ чоп шуданд.
Дар баробари ин Нӯъмон Маҳмудов ба пажӯҳиши адабиёти бадеӣ ва эҷоди шеър шавқи беандоза дорад. Намунаҳои эҷодаш дар китобҳои “Нияти пок” ва “Шайх Саъдӣ  ва тасаввуф” чоп шудаанд.

Аз номи шӯъбаи тоҷикии иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд ва ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ин марди донишмандро бо зодрӯз муборакбод мегӯем.

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо