Навгониҳо

БО САДОИ ЗАНГИ ОХИР

Мубодила:

Дар мактаби рақами 122-и ноҳияи Ургут ҳам тадбири "Занги охир" дар руҳияти боло гузаронида шуд. Дар ин тадбир хонандагони синфҳои 1,4,9 ва 11-ум, муаллимон ва падару модари хатмкунандагон иштирок карданд. Инчунин дар тадбир вакили ҳокимияти ноҳия Т.Азизов, ходими шӯъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳия М.Рашидов, раиси маҳаллаи Торинҷак О.Мирзоев, ходими шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ҳам ҳозир шуданд. 

Директори мактаб Ш.Эсанов тадбирро кушода,бо ин рӯзи фаромӯшнопазир ҳаммаро табрик кард. Мадҳияи Давлат иҷро карда шуд. Ба хатмкунандагон табрики сарвари давлатро роҳбари мактаб хонда дод. Дар давоми соли хониш донишомӯзоне, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ, мусобиқаҳои эҷодӣ ва варзиш ғолиб шудаанд бо ифтихорномаҳо, ташаккурномаҳо  ва туҳфаҳои хотиравии ҳокимият, шӯъбаи таьлими халқи ноҳия ва раёсати мактаб мукофотонида шуданд. Ба муаллимони фан ва падару модарони фаол хам Ташаккурномаҳо супорида шуд.
Дар қисми бадеии тадбир аз тарафи хонандагон сурудхо, табрикҳо, шеърҳо ва рақсҳо иҷро карда шуд.
Тадбир хотирмон гузашт.

Салоҳиддин ИБРОҲИМОВ,
мухбири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" дар ноҳияи Ургут.

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо