Навгониҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, МАНСУРҶОН НОРОВ!

Мубодила:


Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, аъзои маҳфили адабӣ фарҳангии "Ҳафт додарон", сарояндаи хушсадо МАНСУРҶОН НОРОВ имрӯз зодрӯз доранд

Самарқанд шаҳри оқилону фозилон, ҳофизону шоирони асил аст. Таъсири мақомхонии ҳофизи бузург Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ҳанӯз аз садои санъаткорони имрӯзаи Самарқанд мушоҳида карда мешавад. Яке аз пайравони ӯ сарояндаи нозукадо Мансурҷон Норови андиҷонӣ имрӯз зодрӯз доранд.
Ин марди саропо адабиёт, санъат ва ҳунарро бо зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок барояшон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияташон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Маҳфили адабӣ-фарҳангии "Ҳафт додарон"

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо