Навгониҳо

ВОХӮРӢ ДАР ПИСКОМ

Мубодила:

Дар арафаи хатми мактаб бо иштироки сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” Асадуллоҳ Исмоилзода ва кормандони Академияи Тӯрон бо роҳбарии Хурозбой Абдусаломов дар мактаби рақами 45-уми ноҳияи Бӯстонлиқ воқеъ дар деҳаи дурдасту хушманзараи Пском вохӯрии муфид ва фараҳбахше баргузор гардид. 

Меҳмонон дар бораи имкониятҳои барои илмомӯзию таҳсили ҷавонон ва зиндагии мардум дар мамлакатамон ва берун аз он вуҷуддошта суханронӣ намуданд. Шогирдони мактаб дар васфи Ватани обод ва дӯстию рафоқат шеърҳо қироат карданд. Меҳмонон ба шогирдони пешқадами мактаб китобҳои бадеӣ тӯҳфа намуданд. 
Шоир Асадуллоҳ Исмоилзода аз эҷоди худ шеърҳо қироат намуд. Ба китобхонаи мактаб китобҳои бадеии зиёде тӯҳфа гардид. Ногуфта намонад, ки ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонов ҳам ба китобхонаи ин мактаби дурдаст китобҳои нодири бадеӣ ва асбобҳои мусиқӣ ҳадя кардаанд.

Турдибой ЭСАНБОЕВ,
омӯзгори собиқадор.
Дар суратҳо лаҳзаҳо аз тадбир.
Аксбардор Заррина Абдурауфова

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо