Адабиёт

ШОИРИ БЕДОРДИЛ БУДАНД

Мубодила:

ШОИРИ БЕДОРДИЛ БУДАНД

Рӯҳи шоири миллатдӯсту миллатпарвар устод Асад Гулзода шоду охираташон обод бод!
Рӯзи 19-марти соли ҷорӣ ҳамроҳи дӯсти бухорогиям Номуроди Ҳидоят ба аёдати устод, ба ҳавлиашон рафтем. Устод моро бо чеҳраи кушод ва самимияти ба худашон (бале, бо самимияти танҳо ба худашон хос, зеро устод сар то по инсони самимӣ буданд) пешвоз гирифтанд. Фурсати кам доштем, мақсад устодро ҳам бо рӯзи мавлудашон ва ҳам бо омад- омади Навзӯзи Аҷам муборакбод кордан буд.Аммо устод нагузоштанд, ки зуд равем. Дастурхон густурда, моро меҳмон карданд. Сӯҳбати мо дар бораи ҳавзаи адабии тоҷикзабонони Бухоро, тақдири мактабҳои тоҷикӣ..., рушди адабиёти бачагона буд.Фарзанди асили Бухоро, абармарди миллатпарварду шуҷоъ оиди тақдири миллату муносибати ҷавонон нисбати ин масъала, роҳҳои ба маънои том китобхон кардани ҷомеа алалхусус ҷавонон...бо сӯзу гудоз гап мезаданд...
Чӣ хуш ту шоиру сарводаи дорӣ,
Сухандонӣ, забони сода дорӣ.
Ҳанӯзам дар бари худ,ай Бухоро,
Яке пире - Асад Гулзода дорӣ!
  Дареғо,ки Бухоро пири сухандони худ, фарзанди шуҷоъу ширинкаломи худро имрӯз ба хок супурда ва хушо,ки хоки шарифу барӯманди Бухоро боз шарифтару барӯмандтар шуд.
 Охирататон обод бод,Устод!
                       Пайғом

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо