Ҷевони китоб

НАШРИ НАВИ “ШУЪЛАИ ҶОВИДОН”

Мубодила:

НАШРИ НАВИ “ШУЪЛАИ ҶОВИДОН”

Хабар дорем, ки ибтидои соли ҷорӣ хотираҳои узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Қурбоной Убайдуллоева дар бораи устод Садриддин Айнӣ дар шакли китоби алоҳида бо номи “Шуълаи ҷовидон” дар тарҷумаи шоири маъруф, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Паймон чоп гардид.  Хушбахтона, ин асар бо такмил ва маълумотномаи муаллиф бо сарпарастии яке аз соҳибкорони бомаърифати тошкандӣ роҳбари корхонаи хусусии “Истаравшан” Мурод Мақсудов чоп шуд.

Қобили қайд аст, ки ин китобро устод Паймон чанд сол пештар тарҷума намуда буд, вале аз сабаби он ки дар бораи муаллиф маълумот дастрас нагардид, чанд сол дар бойгонии шоир истод. Мо дар Самарқанд ҳам дар бораи Қурбоной Убайдуллоева маълумот ҷустем, вале имкони пайдо кардани он нашуд. Дар охир қарор додем, ки дар арафаи ҷашни 144 – солагии устод Садриддин Айнӣ онро бе шиносномаи муаллиф пешкаши хонандагон намоем.

Хушбахтона, пас аз чанде устод Паймон хабар расониданд, ки нишонии духтари Қурбоной Убайдуллоеваро пайдо кардаанд. Аҷибаш он аст, ки Қурбоной Убайдуллоева, ки дар Самарқанд имрӯз касе ӯро нашинохт, модари санъаткорони дӯстдоштаи мардум бародарони шодравон Муҳриддин ва Ҳусниддин Холиқовҳо будааст. Беҳтараш, биёед, Шуморо бо зиндагиномаи ин бонуи эҷодкор, ки як замоне барои мошиннависии асарҳои устод Садриддин Айнӣ ба он даргоҳи табаррук рафтуо намуда, аз ҳаёти ин марди хирад  асари пурибрате навиштааст, шиносо шавем.

Қурбоной  Убайдуллоева соли 1928 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Падараш --Раҳматулло Убайдуллоев коргари оддӣ буд,  модараш – Назокат Раҳматбоева дар фабрикаи дӯзандагӣ кор мекард. Оилаи онҳо соли 1933 ба шаҳри Тирмиз мекӯчад. Қурбоной дар ҳамин шаҳр мактаби миёнаро хатм намуда, чанд муддат дар рӯзномаи вилоятии "Илғор Сурхон учун" ( ҳоло “Сурхон тонги”) ҳамчун мошиннавис ва мусаҳҳеҳ кор мекунад. Соли 1948 оила дубора ба Самарқанд бармегардад ва ӯ дар рӯзномаи вилоятии "Ленин йӯли" (ҳоло “Зарафшон”) ба сифати мусаҳҳеҳ ба кор мепардозад.

  Аз соли 1950 то соли 1954 ба устод Садриддин Айнӣ дар мошиннависии асарҳои ӯ кӯмак мерасонад. Аз ибтидои шиносоӣ бо ин адиби маъруф ба эҷоди мақола, очерку ҳикояҳои хурд машғул мешавад. Ҳамзамон дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд) таҳсил мекунад. Солҳои таҳсил ба нашри рӯзномаи девории донишгоҳ саҳм мегирад. Пас аз хатми донишгоҳ - соли 1955 чанд гоҳ дар рӯзномаи "Совет Тожикистони" (ҳоло “Тожикистон”) ифои вазифа менамояд.

  Соли 1958 бинобар вазъи оилавӣ ба Намангон кӯч баста, дар идораи рӯзномаи вилоятии "Намангон ҳақиқати" чун ходими адабӣ ба кор мепардозад.

Соли 1976 бо оилааш ба Тошканд меояд ва то охири умр дар ин ҷо мемонад.

 Қурбоной Убайдуллоева муаллифи бисёр мақолаву очерк ва асарҳои бадеӣ мебошад, ки дар маҷмуаҳои "Муҳаббат қадри" ("Қадри муҳаббат" ва "Қӯшиқ сеҳри" ("Асрори суруд") гирд омадаанд. Ӯ узви Иттиҳоди нависандагон ва Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, модари панҷ нафар фарзанд 4 писару як духтар буд. Аз ҷумла, сарояндагони хушовоз бародарони шодравон Муҳриддин ва Ҳусниддин Холиқовҳо фарзандони ӯ буданд. Алъон як писараш – Шаҳобиддин ва духтараш –Тӯлқиной дар қайди ҳаёт буда, дар шаҳри Тошканд зиндагӣ доранд

  Адиба, журналист ва тарҷумони моҳир Қурбоной Убайдуллоева соли 2012 дар Тошканд вафот кардааст.

“Шуълаи ҷовидон” асари хонданист. Китоб ба осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар Самарқанд ва мактабҳои тоҷикии фаъол аз номи устод Паймон ва Мурод Мақсудов ҳадя мешавад. Барои онҳое, ки иштиёқи мутолиа доранд, рӯзҳои наздик ин китоб барои фурӯш ҳам чоп мешавад.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,

муҳаррири нашриёт.

 

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо