Навгониҳо

ФАРЗАНДИ БУЗУРГМАРДЕ, КИ БА БУЗУРГӢ РАСИД

Мубодила:

Яке аз олимони нуктасанҷ, педагоки машҳур, шоири зуллисонайн  ва тарбиятгари насли ҷавон Олимҷон Орифии Самарқандӣ  1-уми майи солӣ 1913 дар шаҳри Самарқанд  дар маҳаллаи Хӯҷақишлоқ  ки на онқадар дур аз майдони Регистон буд, дида ба дунё кушодааст. Падараш Ориф  Гулхании  Самаркандӣ, ки аз зиёиёни пешқадами замонааш буд, ӯро ба мактаби  усули нав ба таҳсил гузошт . Бачаи зеҳнаш тез аз иштирокчиёни фаъоли дигаргуншавиҳои иқтисодӣ ва инқилоби маънавӣ гардид. Олимҷон Орифӣ яке аз  маорифпарвароне аст, ки дар Самарқанд барои мустаҳкамии пойдевори маорифӣ халқросаҳм гузоштааст.
  Сои 1930 донишгоҳи педагогиро хатм карда, аввал дар мактаби рақами 8-и занона ва дар мактаби меҳнати рақами 13 –ум муаллимӣ кардааст.  Олимҷони муштоқи илм соли 1932  ба факултаи химия-биологияи ӮзДУ дохил гардида онро соли 1937 хатм кардааст.   Дар хонаи онҳо  бо иштироки шоирон ва нависандагони ҷавон шабнишиниҳо ороста мешуд, ки он ҷо Шароф Рашидов , Атҳам Ҳамдам, Асқад Мухтор, Саид Назар, Насрулло Даврон, Раъно Ӯзоқова, Ӯткир Рашид, Амин Умарий, Қодирҷон Имомовҳо аз масъалаҳои шеъру шоирӣ ва масъалаҳои баҳсталабӣ  адабиёт  ва роҳи кушода додани онро меҷустанд. Олимҷони ҷавон ҳам ҳеҷ гоҳ аз ин маҷлисҳои хайр канора набуд, баръакс мулоқот бо ин гуна шахсон дар дилаш  илҳом мебахшид. Рӯзе аз рӯзҳо шеъри нав эҷодкардаи худро барои муҳокама ба падар ва дӯстонаш медиҳад , ки онро ҳамагӣ маъқул медонанд ва бо зудӣ онро Маҳдӣ Халилов ба оҳанг дароварда, хонандаи машҳур Шароф Сайфиддинов  ӯро аввалин бор дар театри тамошобинонӣ ҷавон иҷро мекунад. 
  Соли 1937  Олимҷон Орифӣ донишгоҳро хатм мекунад ва солҳои зиёд дар бахши муаллимтайёркунии тоҷикӣ ва дар Омӯзишгоҳи молия ва тиббиёт дарс гуфтааст ва дар он ҷо хонаи кимиёе, ки бо дасти худ бунёд кардааст ёдовар гузоштааст.
   Олимҷон Орифӣ муаллифи як қатор шеъру ғазал, рубоиву дубайтиҳои халқӣ аст, ки дар мавзӯъҳои Ватандӯстӣ,  одаму одамгарӣ, муҳаббати покӣ инсонӣ,  тараннуми ишқи ҳақиқӣ, тарбияи фарзанду риштаҳои хешу таборӣ  ва қаҳрамонӣ барин хислатҳои неку солеҳи инсониро акс кунонидааст ,ки имрӯзҳо  дар китобҳои  “Ширу шакар”, “Кел Самарқанд шаҳрига”, “Хайр ул-калом”,  “Садоларим”, “Меҳрнома”, “Ҳикмати орифон”  ҷой гирифтаанд.
   Соли 1988 шоири боистеъдод  Олимҷон Орифӣ вафот кардааст . Аз шоир нафақат  ашъорӣ пурарзиш балке як боғе, ки имрӯз бо номи Хона музей  Ориф Гулханӣ  аст, боқӣ мондааст. Имрӯзҳо боғ ва қадамҷои шоир маскани сайёҳони Шарқу Ғарб гаштааст ва худи банда низ дар китобхонаи он фаъолият бурда истодаам.
 Барои ман кор дар ин муҳати адабӣ шараф аст, ки маро ҳар гоҳ илҳом мебахшад.  Бузургмарде, ки дар хонадони Ориф Гулхании Самарқандӣ ба дунё омад, ба бузургӣ расид. Имрӯз сулолаи бузурги Гулханиҳо бо сарварии Муқимҷон Орифӣ анъанаҳои аҷдодиро риоя намуда, барои мардуми диёрамон нури маърифат ва гулҳои рангоранг тақдим менамоянд.
Номи неку кори неки  Олимҷон Орифӣ, ки мардуми диёрамон имсол 110-солагӣ ӯро муносиб истиқбол мегиранд, бо кори неку номи нек ва эҷоди худ  аз дилу дидаи мардуми шаҳри Самарқанд дур нарафтааст.

Марат ОВЛОҚУЛОВ,
корманди Хона-музейи Ориф Гулханӣ.


Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо