Адибони тоҷики Ӯзбекистон

Исомуҳаммад Қушматов

Мубодила:

Исомуҳаммад Қушматов 7-уми майи соли 1960 дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканд дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дар ин маҷмӯа шеърҳои шахси ҳабиби шеъру шоирӣ ва адабиётдӯст гирд оварда шудааст. Мусаллам аст, ки гомҳои нахустини Исомуҳаммад дар пайраҳаи печ дар печ ва мураккаби шеъру шоирӣ қарор дошт, лекин ӯ бо саъю кӯшиш, азму иродаи хеш устувор бимонд ва соли сипарӣ як маҷмӯаи хешро ба дасти чоп расонид. Шеърҳояш фарогири мавзӯъҳои мухталифи зиндагист ва умед аст, ки манзури мухлисонаш хохад гашт.    

                  

                        НАМУНА АЗ АШЪОР

МИҲАН 
 
Ба сад ҳарфу ба сад рангу ба сад ҳол,
Туро васфат кунам акнун ба як хол.
Фидои ишқи ҷононе намуданд,
Магар чун ман ба ту ошиқ набуданд.
 
Ба сад ғорат, ба сад макру ба сад шарт,
Ҳарифонат ба ҳар раҳ таслимат кард,
Рабуд аз ту ҳар он чизе, ки мехост,
Фақат ман мондаам аз хеш мерос.
 
Зи ту болам, бихоҳам шуд ба ту табдил,
Ҳамеша бо ту будан фахр дар дил.
Бас ин ки ман ту ҳастам, ту мани ман, 
Ту шеърам ҳам ғурурам, Ватани ман.
   ***
БА ХОТИРАИ ПАДАРАМ 
  
Шаби лайлатурқадр омад ба ёдам падарҷон,
Ҳамон дам зи дида бирехт ашкҳоям, падарҷон.
Бисӯхт устуғон аз ба ёдовариҳо, азизон!
Бирафт бо шумо ҳам имону қуръонам, падарҷон!
 
Гаҳе бо тафаққуд, гаҳе бо тараҳҳум, падарҷон,
Ба хобам бубинам шуморо басе шоду хандон.
Гирифт ранги хунро, надонам, ҳама мисраъҳоям, 
Чу ман ёд кардам таи дил шуморо, падарҷон!
 
Бисӯхт узв-узвам, басе ташна гаштам ба дидор,
Ки дуди дилам оташе зад ба ёди бузургвор.
Чу боло парид оташи дил зи фарёдҳоям
Ба ёди ҳамон рӯзҳо гиря кардам аламвор.
   ***
ДУНЁ ГУЗАРОН 
 
 Шабеҳи оби дарёему рӯи баҳр меҳмонем,
 Вале андар фиреби зиндагӣ инро намедонем..
 
 Ҳама андар умеду орзу ғарқи ҳавас гаштанд,
 Зи дунболи ҳавасҳо рафтагонро лек медонем!
 
 Макун макру фиребу фитна бар як бандаи Оллоҳ,  
 Ки назди Қодири олам гунаҳкор нақш мемонем.
 
 Нашав бехуд зи молу давлату мероси бепоён,
 Ҳамеша ҳар куҷо бошӣ, бидон, ки мо мусалмонем!
 
 Бишав ҳоҷатбарору доимо дар фикри Оллоҳ бош,
 Кушоиш аз дуои бандагону бас азизу меҳрубононем.
 
 Машав аз ҳоли худ ғофил, ки ин дунёи бераҳм аст,
 Куҷо шуд ҳомиёни мардуми раҳмдил, намедонем?!
 
 Куҷо шуд сӯхтанҳову куҷо шуд меҳрубониҳо?
 Кӣ бо як халта орд зору, ҳама умедди Ҳаҷ дорем!
 
 Зи ҳаҷҷи хеш гаштем сарбаланду сарфарозу лек,
 Нашуд ё шуд қабул ин  Ҳаҷ, дареғо мо намедонем...
 
 Фақат Оллоҳ медонад, ки Ҳаҷҷат шуд қабул ё на,
 Бино доим ба ёд овар, ки мо танҳо Худо дорем!
   
 МАНБАЪ: "Рози чашмасорон"

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо