Адабиёт

МУСОФИР

Мубодила:

 

МУСОФИРЕ БУД...

 

Дирӯз нависандаи боистеъдод Ӯктами Иброҳим вафот намуду дили мухлисони адабро маҳзун кард. Яке аз маргу маросими дафни ӯ  ба андеша рафта бошад, дигаре гиребон дошта дар ҳайрат монд. Ӯктами Иброҳим эҷодкорона зист. Аз худ асарҳои зиёде боқӣ гузошт ва эҷодкорона дунёро тарк намуд мисли қаҳрамони новеллаи “Мусофир”-и худ.

Чанде пеш Ӯктами Иброҳим ин навелларо барои маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” фиристода буд. Ростӣ имкони онро ба пуррагӣ хондан набуд. Имшаб, ки хобам париду ҳаёти пурфоҷиаи Ӯктамакаро пеши назар овардам, он навелла ба ёдам расид. Кушодаму хондам. Гӯё ба баъзе саволҳои худ ҷавоб ёфтам. Гумонам Ӯктами Иброҳим ҳамон Мусофир буд...

Беҳтараш навеллаи “Мусофир”-ро хонеду худ андеша намоед.

 

 

 

МУСОФИР

(Новелла)

 

Мусофир сурати аҷиб дошт. Болобаланд, зебоандом, ришу муйлабаш қиргун, чашмонаш сиёҳу шарорапош буданд. Нигоҳи чашмонаш рост. Гӯё андешаҳои ниҳони касро пай мебурданд, аз розҳои дили мардум огоҳ буданд. Ҳодисае рух намуду ба ин мардуми шаҳр билкулл итминон ҳосил карданд.

Дар шаҳр ду сарватманд буд. Яке хасису ноҷавонмард, дигаре сахиву ҳимматбаланд. Миёни онҳо рақобате буд оштинопазир. Иттифоқо рӯзе оне, ки ноҷавонмард буд, шикасте расонд ба оне ки родмард аст. Мардуми шаҳр гуфтанд:

– Ҳамин тур шуданашро медонистем. Кай ростиву покӣ, ҳақиқат пирӯз шуд, ки имрӯз шавад.

Сарватманди ҷавонмард дар идорааш, ки дохили иморати зебову хонаҳояш мунаққашу равшан буд ва ҳамон рӯз аз тирезаҳои васеаш хуршеди шомгоҳон нурафшони карда, онҳоро назарработар намуда буд, дар курсие нишаста, ба дасташ ҷабинашро молиш медод ва тадбир меҷуст. Ҳамон замон Мусофир, ки костуми сафед дар бару туфлии сиёҳ дар по дошт, дар чашм айнаки сабз гуё аз зери замин пайдо гардид. Сарваманд ба ӯ нигарист ва ба англисӣ ҳарф зад. Пиндоре дошт, ки хидматгоронаш меҳмони олимартабаи хориҷиро роҳ додаанд. Гоҳо ҳамин тавр мешуд. Мусофир ба ҷои ишоракардаи сарватманд нишаст, ба забони англисӣ посух дод ва муроди худро, ки кӯмак расонидан ба вай буд, изҳор дошт. Сарватманд, ки дили рост дошт, аз ин ба шавқ омад ва бигуфт:

– Хуб, корро кай сар карданӣ ҳастед?

  • Ҳамин шомгоҳон.

Мусофир чанд рузу шаб дар шаҳр нанамуд. Сони шикаст хурдану муфлисшавии сарватманди ноҷавонмарду нотавонбин байни шаҳриён овозаю дарвоза гардид. Субҳидам ин овозаро шаҳриён таҳаммул мекарданд. Ба назари сарватманди ҷавонмард боз дунё рушан гардид. Вай нағмапардозии паррандагонро шунида, панҷараро боз кард, ба машомаш шамими сабуки муаттар мерасид, пеши назараш манзараи зебоӣ боғ менамуд. Ӯ пеши панҷараи боғ рӯи курсии роҳат менишасту аз бобати он ки мусофир кисту куҷоист, ӯро чӣ ҳадяе бидиҳад, андеша меронд. Ҳамин асно Мусофир пеши назараш пайдо гардид. Ӯ гӯё аз миёни гулу сабза, раёҳин, нахлҳои зебои гулбасар омада, ҳама зебоиву тароваташонро бо худ оварда буд. Аз чеҳрааш нури шодмониву ифтихор меборид. Бале, фарре дошт Мусофир. Фарре, ки варо мезебиду боз ҳам ӯро чун фарди асроромез ҷилва медод.

– Хуш омадед. Биёед, марҳамат, - аз ҷой бархост сарватманд. - Шумо коре кардед, ки агар шоҳ мебудем, аз хазина бароятон бедареғ симу зар мебахшидем. Сарватманд ба курсие, ки дар паҳлуи росташ буд, ба Мусофир ҷой нишон дод.

...Бале, хислатҳои аҷибу ғарибе дошт Мусофир. Ва мардуми шаҳрро барои муайян кардани ниҳоди ӯ, дину оинаш ба кӯи шубҳаву пиндорҳои рангини мухталиф мебурд. Дӯст медошт вай дар соҳили ҷӯйбори Дарғам ё соҳили дарёи Зарафшон сайру гаштро. Дӯст медошт соате ғарқи андеша нишаста, ба оби тираи Дарғам нигаристанро ё мушоҳидаи мавҷҳои ба ҳам печону дар ситези Зарафшонро. Ё бо ҳайрат ёдгориҳои меъмории шаҳрро тамошо мекард. Ин ҳамаро тавзеҳ додан осон аст, зеро аз шаҳру диёри дигар ба меҳмони омадааст, мусофир аст. Аммо... ба калисои насрониён рафта, шамъҳо фурӯзон карданаш ё ба ибодатхонаи яҳудиён рафта, бо рӯҳонии он сӯҳбат намуданашро чӣ гуна шарҳ додан мумкин. Пас аз ним соат Мусофирро дар масҷиди мусалмонон дидаанд. Аҷобати кор дар он ки хар се руҳонии ин ибодатгоҳҳо бо майлу хоҳиши том бо вай суҳбат доштанд ва бо эҳтиром вайро то таки дар гусел мекарданд. Кист Мусофир? Бо чӣ ният ба ин шаҳр омадааст? Миллаташ чист? Дину оинаш чӣ? Мардуми шаҳр ҳарчанд зӯр мезаданд, аммо ба кашфи асрор қудрат намеёфтанд.

... Дар шаҳр ҷавонзани зебо буд, ки ҳама мардон волаву шефтааш буданд. Дар душизагиаш ҳамаи ҷавонони шаҳр ӯро думболагирӣ мекарданд, оҳҳои пурсӯз аз дили пурдард мекашиданд, ба тамошои хусну ҷамолаш кӯчаҳо, растаҳоро пур карда мебаромаданд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо ёрои изҳори ишқ надошт. Рафтори хушхироме буд вайро, мағрур буд душиза, касеро нимнигоҳе намекард. Гоҳ бо куртаи атласу поҷомаи нилгун, гоҳ бо пероҳани аврупоии навмӯд дар шаҳр пайдо мегардиду аз пасаш гӯиё дуду оташи дилҳои волаву шайдо фазои шаҳрро пур мекард. Ҳама варо зебанда буд. Як паҳлавонписар, ки фарзанди шоистаи сарватманди ҷавонмард буд, хостгору ошиқаш шуд. Онҳо хуштолеътарин ҷуфти ошиқи шаҳр гардиданд, аммо ҷавон пас аз як моҳи шаби никоҳ ба таври асроромез ҳалок гардид. Мегӯянд, ки сарватманди нотавонбин бо одамони сияҳкораш ӯро ба қатл расондааст. Мегуфтанд, ки ин кори ошиқони нокоми моҳчеҳра аст. Ба ҳар ҳол маргаш фоҷиавӣ буду асроромез бимонд... Пас аз бева монданаш ҳам моҳчеҳра, моҳпайкари шаҳрро хостгору харидор бисёр буд, аммо вай ба солҳо ба мотам нишаст. Ҳар субҳидам дар чаҳор фасли сол: баҳори гулбез, тобистони тафсон, тирамоҳи хазонрез, зимистони қабои сафедпӯш ба сари қабри шавҳар мерафту рӯи кабраш гулдастаи тару тоза мегузошт, ним соат ба аксаш, ки ба санги мармар ҳаккокӣ шудааст, менигаристу бармегашт. Ӯро хамон рафтор буд, аммо садои дилбаронаи беғашашро дигар намешуниданд. Гоҳо табассуми дардомези маҳзунашро медиданду халос. Аҷобати корро бинед, ки Мусофир дили вайро ёфт. Мусофирро дар бисёр ҷойҳо бо вай ҳамроҳ медиданд. Дигар гӯё китфакони нозуки зебои моҳчеҳраро бори ғам пахш намекард, ӯ сабукрӯҳ гардида буду қоҳ-қоҳзанон аз замири дил механдид ба ҳазлу шӯхиҳои Мусофир. Ҳама бо даҳони воз ин ҷуфти зебо, ин ҷавонзани зебову париваш ва Мусофири таҳамтанпайкарро наззора мекарданд. Медиданд, ки онҳо ҳамроҳ ёдгориҳои меъмории шаҳрро тамошо мекарданд. Аҷибаш он ки ҷои пазируфтаашон осорхонаи Афросиёб, шаҳраки қадими Афросиёб буд. Гоҳо медиданд, Мусофир он ҷо бо сози мусиқие, ки гоҳо барбат мехонданду гоҳо бо ситори ҳиндӣ суруде мехонад. Баъзе калимаҳои сурудро мардуми шаҳр мефаҳмиданд, аммо аксарияти калимотро не, зеро онҳо бо гузашти айём забони ниёгони хешро фаромӯш карда, бо тақозои замон дигар забонҳоро меомӯхтанд. Масалан,забони англисиро, ки саросари дунё мустаъмал асту густариш ёфта...

Бале, кони асрор буд ин Мусофир... Овозае паҳн гардид, ки вай хазинаро дар Афросиёб меҷӯяду ҷосуси зархарид аст. Боз хабари нохуш интишор ёфт: ҳангоме ки Мусофиру моҳчеҳра бармегаштанд аз шаҳраки қадими Афросиёб роҳзанҳо ба онҳо дарафтоданд. Ҳадафашон моҳчеҳра ва долларҳои Мусофир будааст. Мусофир усулҳои набарди шарқиёнаро кор фармудааст, аммо аз теғи ноҷавонмарде захми гардида, ба бемористон афтодааст. Моҳчеҳра боз чанде маҳзун мегардид. Дар як маҳтобшаб зери маҷнунбеди сабз ӯ ва Мусофирро дар бемористон ҳангоми сӯҳбат диданд. Моҳчеҳра бо овози хушу ҷарангосӣ, дилбарона гуфт:

– Мусофир, шумо ҳатто номи худро то ҳол пинҳон медоред. Номатон чист?Аз куҷо Шумо?

Мусофир ба моҳи мунири баланд, ба хирмани ситораҳои фурӯзони осмон менигаристу гӯиё аз онҳо посух меҷуст.

– Гуфтани ҳастед, ки аз дигар сайёра савори лаълии паррон фуруд омадаед?-самимона механдид моҳчеҳра. Сипас бо оҳанги ҷиддӣ суханашро давом дод:

– Шуморо сарват додани буданд, нагирифтед. Шуморо ман... Оҳ, Мусофир чи мехоҳед шумо? На сарват, на ҷоҳ лозим аст Шуморо, на ҷамилатарин зани шаҳр...

Мусофир пурсид:

– Ин ҷо маъбадҳои оташпарастон боқӣ мондаанд ё не?

– Намедонам, - бо ишваи итобомез гуфт моҳчеҳра.

– Наход, аз он айём, рӯзгорон ёдгоре намонда?

Рӯзи дигар Мусофир ончуноне, ки ба таври ногаҳонӣ, асроромез дар шаҳр пайдо гардид, ҳамон гуна ғайб зад.

Аз корномааш қиссае монду фасона, ки мо ровиаш будем.

Ӯктам ИБРОҲИМ

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо