Навгониҳо

ҲАМЗА ҶӮРА 70 - СОЛА ШУД

Мубодила:


 Узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон “Дурдонаи Шарқ” Ҳамза ҶӮРА ба синни мубораки 70 қадам гузошт.

 Ҳамза ҶӮРА 23-октябри соли 1952 дар деҳаи Кафтархонаи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, чанд муддат дар мактабҳои рақами 37, 32, 44-уми ноҳияи Самарқанд омӯзгор шуда фаъолият намудааст. Солҳои 1984-1988 вазифаи мудири шӯъбаи маданияти рӯзномаи "Шарқ тонги" (ҳоло "Гулобод тонги") -ро дар зимма дошт. Солҳои 1989-90 муаллими калони кафедраи педагогикаи  Донишкадаи Педагогии Самарқанд ва аз соли 1991 то ба нафақа баромадан сармуҳаррири шӯъбаи тоҷикии Ширкати садо ва симои вилоят буд.


Ҳоло дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” фаъолияти худро идома дода истодааст.

Ҳамза Ҷӯра муаллифи қиссаю очеркҳои "Муаллим Афандӣ", "Алломаҳо намемиранд", "Пири ҳунар", "Духтари Ватан", "Башорати Сиддиқӣ" ва "Падару писар" мебошад.

Ҳоло ҷилди аввали мунтахаби осори ӯ, ки зиёда аз 300 саҳифаро дар бар мегирад дар дасти чоп аст. Аз ҷониби дӯстону шогирдон китобе ба муносибати 70-солагии ҳаёт ва фаъолияти устод Ҳамза Ҷӯра  бо номи “Марди хирадманду тавоно” ба нашр омода гардид.

Мо нависанда ва публисисти номдор Ҳамза ҶӮРАро бо ин санаи мубораки умр таҳният гуфта барояш тандуристию ҷӯши илҳом ва амалӣ гаштани орзуҳои некашро таманно менамоем.

 

 Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,

 Сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ”                                   

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо