Навгониҳо

ХАНДАҲОИ БЕҒУБОРУ ДАРДНОК

Мубодила:


Имрӯз ҳаҷвнигори бомаҳорат, рӯзноманигори пуртаҷриба узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон

БАХТИЁРИ ҶУМЪА ба синни мубораки 70 қадам ниҳод



Бахтиёр Ҷумъа. Бо ин ном ман зиёда аз 30 сол пеш шинос будам. Латифаю ҳикояҳои ҳаҷвии намакини ӯро дар рӯзномаҳои “Адабиёт ва санъат”, “Ҷавонони Тоҷикистон” мехондаму мувофиқи одат онҳоро ҷамъ мекардам. Солҳои 90-ум дар саҳифаи тоҷикии рӯзномаи “Ҳақиқати Сариосиё” муҳаррир будаму борҳо навиштаҳои Бахтиёри Ҷумъаро дар саҳифаҳои рӯзнома ҷой додаам. Рӯзе як аз дӯстонам журналисти ҷавонмарди ҷавонмарг муҳаррири саҳифаи тоҷикии рӯзномаи “Субҳи Боботоғ” - и ноҳияи Узун, ҳаҷвнигори номдор Абдуқаҳҳори Муҳаммадалӣ (рӯҳаш шод шавад!) аз ман пурсид, ки оё ман бо Бахтиёри Ҷумъа шиносам? Ман гуфтам, ки мухлиси навиштаҳояшон ҳастам. Кӯтоҳу нишонрас асту барои саҳифаи хурдакаки рӯзномаи мо мувофиқ меояд ва барои ҳамин бештар чоп мекунам.

  • Бахтиёри Ҷумъа аслан аз Самарқанду дар Душанбе зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Ягон рӯз ҳамроҳ ба Душанбе равем бо он кас шинос мекунам, - гӯён ваъда дод Абдуқаҳҳор.

Дертар фаҳмидам, ки устод ба Самарқанд баргаштаанд. Амри тақдир аз соли 2000 ҳаёту эҷоди маро ҳам ба Самарқанд пайваст. Дар муҳити адабии Самарқанд бо эҷодкорони зиёде шиносоӣ ва дӯстӣ пайдо намудам, ки яке аз онҳо Бахтиёр Ҷумъаи ҳаҷвногор буданд. Хонандаи ин сатрҳо, ки Бахтиёри Ҷумъаро бо эҷодаш мешиносанд мисли ман гумон мекунад, ки он кас марди  хандонрӯю латифагӯю гапдону ҳозирҷавоб аст. Лекин дар ҳаёт Бахтиёри Ҷумъа марди ҷиддӣ ва камгапанд. Кам мегӯянду зиёд менависанд. Гиряолуд гап мезананду механдонанд. Миёни давра худнамоӣ карданро бад мебинанд. Дар чанд соли ҳамкорӣ ин хислатҳои ин марди хоксорро омӯхтам. Солҳои дар рӯзномаи “Субҳи Гулобод” кор карданашон ҳам гоҳ-гоҳ ба таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд”, ки ман он ҷо ҷонишини сармуҳаррир будам, меомаданду навиштаҳояшонро супорида мерафтанд. Солҳои 2012-2016 дар таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” якҷоя кор кардем. Он кас котиби масъул буданду хонаҳои кориамон паҳлӯи ҳам буд. Шогирддӯсту дилёбанд. Донишҷӯёну эҷодкороне, ки ба таҳририят меоянд, албатта ба хонаи кориашон даъват карда бо чой ё қаҳва меҳмон мекарданду дар ҳамин ҳолати дӯстона ба ӯ маслиҳат ва супоришҳо медоданд. Меҳмонони Бахтиёрака бо рӯҳи болида ва кайфияти эҷодӣ бо мо хайрухуш мекарданду ин рӯзҳои ҳаёташонро то дергоҳ ёд мекарданд. Мо ҳам ҳар замон рӯзҳои чопи рӯзнома, ки то нисфи шаб давом мекард, бо баҳонае меҳмонашон мешудему аз қаҳваю нони хушки дар як гӯшаи ҷевонашон буда баҳраманд мешудем.

Ёдовар шудем, ки Б. Ҷума ба шогирдону навқаламон ва бахусус эҷодкорон эътибори хоса доранд. Шогирдони маҳфили “Суханобод” ва “Мактаби маҳорат”-и рӯзномаи “Овози Самарқанд”, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун меҳнат мекунанд муаллим Бахтиёри Ҷумъаро ҳамчун устод эҳтиром мекунанд. Бо ташаббуси ин марди бофазл садҳо нафар соҳибкитоб шудаанд. Ҷилди аввали китоби он эҷодкороне, ки чопи китоб барояшон армон гашта, рӯйи чопи китобашонро надида, вафот карда буданд, бо номи “Гиряи қалам” бо теъдоди зиёд ва сифати хуб чоп шуд. Пас аз чопи ин дастҷамъии пурмӯҳтаво ҳатто фарзандони он эҷодкорон, ки дар байнашон сарватмандон ҳам ҳастанд, як дона китобро харидорӣ накарданд. Б. Ҷумъа маблағи китобро бо қарзу қавола ба нашриёт супориду қалами худаш ҳам гиря кард. Ҷилди дуюми он, ки бояд чандин эҷодкори армониро дар бар мегирифт чоп ношуда монд...

Чунин марди бофарҳангу дилошно ва соҳибқаламест Бахтиёр Ҷумъа. Ман ин ҷо танҳо чанд донистаи худро рӯйи коғаз овардаам. Дар бораи ҳусну қубҳу асарҳояшон ва шумораи китобҳояшон адабиётшиносону муҳаққиқон хоҳанд навист, зеро ҳаҷвнигорон дар адабиёти имрӯзаи мо ангуштшуморанд.

Дар арафаи ҷашни солгарди 70-уми умр эҷодкори бомаҳорат ва сермаҳсулро муборакбод намуда, барояшон комёбиҳо таманно дорам.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,

сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ,

илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ”

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо