Омӯзгор

ДАР БОРАИ НАВҶАВОНӢ ВА БАРКАМОЛӢ

Мубодила:

ДАР БОРАИ НАВҶАВОНӢ ВА БАРКАМОЛӢ

Эй писари азиз, духтари меҳрубон!
Инак, шумоён дари синни ҳаждаҳсолагиро мекӯбед. Ҳеҷ ба хотир оварда наметавонам, ки то ин вақт кай хотирҷамъ нишаста, ба шумоён насиҳат кардаам. Замоне гӯшмол додам, гапи сахт гуфтам, чунки он айём бача будедтон. Акнун ба насиҳат гузарам. Зеро акнун ба синне расидаед, ки қадри панду насиҳатро медонед. Воқеан, шуморо солҳои тӯлонӣ, яъне то ба синни ман расидан, ба панду насиҳат гӯш кардан рост меояд. 
Нахустин маслиҳатам, ин аст, ки нисбат ба насиҳатам ҳеҷ гоҳ бепарво ва беписанд набошед. Бояд синну сол, мартабаи калонсолонро эҳтиром намуда, панди нобиғагонро қадр намоед. Хондану навиштан бо роҳи худаш, аммо гӯш додан ва фаҳмидан ҳам аҳамияти хоса дорад. 
Деҳқон бо чӣ азобҳо аз коҳ донро ҷудо карда мегирад, шумо низ одамони некро ёфта, маслиҳати зарурӣ гиред ва ба ҳаёт татбиқ намоед. 
Эй писарам, бисёр таомули ҷавонмардӣ ҳаст, ки ба онҳо амал кардан шоҳроҳи ҳаётро чун қутбнамо муайян менамояд. Одами аз ҳама зукко ва маъруф ҳам дар айёми наврасӣ ба бисёр нуқсону хатоҳо роҳ медиҳад. Шояд ба ин маънӣ шоири файласуф Мирзо Бедил фармудааст: 
Аз ҷавонон покдомонӣ тамаъ кардан хатост, 
Дар баҳорон оби ҷӯйбор он қадар ҳам соф нест.
Ба камбудиҳо аз ҳама пеш бо шахсе, ки ба ҳаёти мустақилона нодонона қадам мегузорад, роҳ медиҳад. Зеро ӯ ҳаётро ҳоло амиқтар ҳис намекунад ва сабақи зиндагӣ надорад. Аз ин рӯ, оқибат ба каҷравӣ роҳ медиҳад. Баъзан навҷавонон ҷавониро дар вуҷуди худ доимӣ медонанд. Фаромӯш мекунанд, ки наврасиву ҷавонӣ инсонро зуд тарк менамояд. Баъд пушаймонӣ суд надорад. 

✍️ Нусрат РАҲМАТ,
шаҳри Самарқанд.

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо