Адибони тоҷики Ӯзбекистон

Имрӯз зодрӯзи шоира ва нависандаи ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Маҳбуба Турсунова аст

Мубодила:



Имрӯз ин адаибаи хушбаён ба баҳори 74-умини умри худ қадам мегузорад. Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Маҳбуба Турсуноваро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд. Ба мухлисони маҷалла ҳикояи ҳаҷвии "Танқид"-ро пешкаш менамоем

 ТАНҚИД

 Калони идораи мо ҳар ҳафта ҷамъомад, яъне «Бибисешанбе» мегузаронанд. Гуфтанро ҷоиз шуморам, ки ин бибисешанбе аз он бибисешанбе фарқ дорад. Ин ҷо дуохониву афсонагӯӣ не, суханҳои бағоят ҷиддии ҳаётӣ гуфта мешавад. Мо – тамоми ходимон ҳар сешанбе, соати панҷи саҳарӣ ҷогаҳи гармакакро тарк карда, ҳозир мешавем. Чӣ чора? Таомули корхона ҳамин. Пиёз равғанро намебардорад. Аз кори муқаррарӣ қафо монӣ, касе пай намебарад. Болои миз кӯлоҳ ё айнак-пайнака партофта, оҳиста ба зиёфате рафтан ё вохӯрӣ гузарондан мумкин. Ё худ ҳар қадар хоҳӣ, бо ёрии телефон бемалол «бо кор» машғул шудан мумкин. Хулоса, аз чунин қабил «корҳо» бемалол истифода карда метавонӣ. Лекин аз «бибисешанбе»-и калон як сония қафо монӣ, мемурӣ: кафшҳо пеши по мешаванд. Дар маҷлисчаи сесоатаи навбатӣ Акобир Кабиров моро ба ҳайрат гузоштанд. «Чаро риш мондӣ, мӯйсар ёли шер барин шудааст - ку, атри харидаат аз кадом хоҷатхона? Мемурӣ гардани дарозатро бо галастук-паластук пинҳон кунӣ», нагуфтанд. Дигар вақт ба арӯсчаҳо талху пичингҳои нешдор карда, ба маҷлисча заряд мебахшанд. Махсусан, он кас тоқат карда наметавонанд, ки келинчаҳо аққалан як–ду боракак либосҳои арӯсӣ пӯшида, ба ҳамкорон ду–се маротиба одоби миллия (яъне, таъзим – паъзим доданро) ба ҷо оварда, панҷ- шаш сӯмакаки ғуншудагонро афшонда гиранд.

− Ин чӣ гап - мегуфтанд ба миллатчигӣ аҳамият надода, - ин ҷо келинталбон нагузашта истодааст– ку. Рав, духтари парӣ, ин ҳунарата дар пеши шӯят кун.

– Ҳатто худашон нӯшида, шаққа маст бошанд, ки дар мобайни идора рост ба по худро нигоҳ дошта, бо майхорагон мубориза мебурданд. Вале имрӯз ин қабил гуфтугузорҳои одатии майда-чуйда нашуд. Хархаша якбора дигаргун шуда, равиши гуфторашон ба саду ҳаштод градус тоб хӯрда рафт. Яқин, аввалин бор Акобир Кабировичро аз худашон калонҳо сахтакак ҷанг кардагӣ.

 –Шумоён ҳам аз хоби ғафлат бедор шавед! – гуфтанд суп-сурх шуда ва ғазаби худро руст карда натавониста. – Чашму гӯша калонтар кушоед! Таърифу мадҳиясароӣ касод шуда рафт! Марсияхонӣ накунед! Дигаргуниҳои асри бисту яка мебинед, нодонҳо? Ба мардум дурӯғ не, сухани буррои рост даркор. Танқид бештар шавад, танқид! Минбаъд аз ҷой наҷунбида ва асли воқеая бо чашмон надида, варақ сиёҳ карда менишастагия бинам, аз ман гила накунад. Оперативноста омӯзед, ҷасоратнок шавед, камбудия фош кардан даркор. Як тӯда нобакор то ба кай ба пешравии ҷамъият лагад мезананд. Онҳоро расвои олам кунед, саркӯб кунед… Калон бо як пиёла шарбат каме тафсашонро фароварда, илова намуданд. − Касе аз ҳамин фармон сар тобад, маош-паош намегирад. Гонорар ҳам. Аллакай ба ҳисобчӣ таъин кардам.  Якбора майнаам ғуввос зад. Маош ҳаёту мамоти одам бошад, гонорар нони ҳалоли келину набераҳост. Набераҳои падарқусур бе яхмосу хурӯсқанд монанд, маро намешиносанд. Калон, ба ҳисобе, дуруст мегӯянд: ҳамкорон мадҳиясаро бошанд, марсиягӯӣ манам. Ба хаёлам, марсиянависӣ дурӯғнависӣ не - куя. Ду даҳанак марҳума таъриф кунӣ, хешу таборашон хурсанд мешаванд. Магар пас аз марг одамизод ҳақ надорад, ки таъриф шунавад? Ҳангоми музокира чунин эътирозамро кебида– кебида гуфтанӣ шудам, ки Акобир Кабирович бо пичинг қариб маро хӯрданд. − Шумо аз пушти мурдаҳо гонарара ба киса задана бас кунед. Ба равиши замона аҳамият диҳед! – гуфтанд. Тавба, як замон худашон маслиҳат дода буданд, ки дар навиштан андеша кунем, эҳтиёткор бошем. Ҳар калимая сад бор баркашида, сонӣ рӯи коғаз фарорем. Акнун бо кадом мӯъҷизае ҳамаро ба майдони қаҳрамонӣ даъват карда истодаанд. Хайр, олиҷаноб, танқид бошад, танқид. Олам пури камбудию ҷиноят. Бо як ҳаракати қалам якчанд фелетон навишта партофтан мумкин. Менависам. Чунон нависам, ки мардуми поктинат қоил шуда, ғару дуздҳо ҷои гурез наёбанд. Ба навиштан сар кардам. Азбаски калон иҷозат доданд, ба идора нарафтам. Яъне, аввалин бор, ҷасор атнок шуда, аз кабинет берун шудам. Дари хоначеки шахсиамро аз дарун қулф карда, то сешанбеи оянда мақолаҳои танқидӣ навиштан гирифтам. Бибии набераҳо аз чунин дигаргунӣ ба ташвиш афтод. Одатан ҳар чизи навиштаамро якумин шуда, ҳамин занаки кунҷкоб хонда мебарояд. Чун бинад, ки навиштае рӯи мизам хобидааст, ҳарф ба ҳарф хонда мебарояд. Чашмонаш аз чашмони сензура бадтар: бехато мебинанд. Дарро сахт-сахт зад. Қариб қулф шикаста буд. Аниқ, гумону шубҳаҳояш авҷ гирифта буд. Дарро кушода, навиштаҳоро пинҳон кардан хостам.

− Дарро баста, кадом асрора руст карданӣ? Ин чӣ қилиқ? Базӯр шумоя одам кунам, писанд намекунед? Канӣ исун гиред варақҳоя, - гуфта қоғазҳоро аз зери панҷаҳоям кашида гирифт. Дар як дам хонда баромада, рангаш канда, дод гуфт:

− Вай ман мурам! Як бор раиси колхоза фош кардед, тавба накардед? Кӯч бардошта мусофир шудем. Ҳоло ба худ наомада гаштаем. Аз ҳаракатҳои беҷои шумо, одам гурдакаф мешавад. Вай-вай-е, Юсуфов расвои олам шудааст-ку! Аз писаратон умед доред? −занак навиштаҳоямро дар як дам пора – пора карда партофт.

–Юсуфов - порахӯри калони як донишгоҳ. Писарамон дар таги дасти вай хонда гаштааст. Бачаи мо бо каллааш даромадааст–куя, бачаҳои дигарон ба вай аблаҳ пул додаанд. Ба фош кардан асос ҳаст. Занак эътирозамро қабул накарда, ба ғарами варақҳои дигар даст бурд. Бо саросемагӣ мурғ барин тит кард.

− Ҳой, хомкалла, ба Бобоқулов даст расондан мумкин не. Вай муфаттиш - а, мефаҳмед? Ревизор! Боре ба мактаб омада буд. Хонандаҳо нодонӣ карда, балони мошинашро кафонданд. Тафтиши серӯза сӣ рӯз давом кард. Ҳама ҷойро бехт. Ба сари маоши якмоҳаи моён об рехта, базӯр нест шуд.

− Нағз - ку. Боби навиштан. Маълумоти тоза додед, хонумҷон. Маро ҷавобгар кунанд, шоҳид мешавед.

− Чӣ-ӣ? Мақсадатон мана ба ҷиноят кашидан? − Чаро? Ба ҳамин фелетон ҳаммуаллиф шавед. Фелетон боқувват ва устувортар мебарояд. Не нагӯед, хонумҷон, менависем. Ин Бобоқулуфаш чунон аблаҳ будааст, ки дар ҷои ошкор кардани камбудӣ, одамҳоро ба фиребгарию хушомадгӯӣ равона мекардааст. Мегӯянд, ки куҷое рафтанӣ шавад, аввал овозаашро мефиристодааст, ки мардуми гӯли гаранг гӯсфандҳои дунбакалону шишаҳои шаробҷона омода сохтан гиранд. Ба исчӯташ ҳатто пулҳои рақамҳои калондошта даромадан мегирифтааст. Пас аз ин гуна оператсияҳо на камбудӣ ошкор мешудааст, на пешравӣ. Гӯё тафтиш даруни ҳавзҳои оббозию шишаҳо ҳал шуда мерафтааст.

− Ҳамин хел овозаҳо ҳаст-куя, − гуфт бибии бачаҳо каме ҷуръат пайдо карда.

 − Нафси Бобоқулуф – ғори бетаг. Серия намебинад. Касофати шумо расида идораатона тагурӯ накунад, мегӯям - дия.

− Рафтан гирад. Мисашро мебарорем. Акобир Кабирович иҷозат доданд. Ба идораҳои олимақом доступашон ҳаст. «Решакан кардани ҳама гуна тороҷгарӣ дар қонунҳои давлатҳои олам садҳо сол боз вуҷуд дорад. Чаро садди ҷиноят нашавем?» - гуфтанд дар ҷамъомади нав, бибиҷонаш. Он каса дастгирӣ кунем, обрӯи идора баланд мешавад. Мо дар ҳимояи қонун ҳастем, дониста гиред. Аз ин гуфтаҳо занак нафаси осуда гирифт. Мақолаи навбатиро чашм давонда баромад. Ин дафъа оҳиста-оҳиста, саросема нашуда хондан гирифт. Ман дар ин муддат ба танқиди мудири ятимхона оғоз намудам, ки чӣ тавр он носерам маблағи байналхалқиро ҳамроҳи хешу ақрабоҳояш лӯққӣ фурӯ бурдааст. Ба Худо, ки ҳамин хел кардааст. Ҳамшираяки шафқат бо ду чашмакаш дида, фактҳои ҷамъкардаашро ба ман супурд ва нотарсона гуфт, ки агар ба поям хор халад, ба ҳар гуна ҳимоя тайёр аст. Ҳатто бо сари фарзандонаш қасам хӯрд. Яке бибии бачаҳо варақҳоро бо муштҳояш сахт фишурда, аз паҳлӯякам сахт пучид. Ҷонам дард кард, «воҳ» гуфтам.

− Муред шумо, кӯрнамаки ношуд! Омада-омада ба акаҷони ман зӯратон расид?

− Акетон шох дорад? Нисфи шаҳра қоқ карда гаштааст-ку? Кадом гузаре пул диҳад, газа ҳамон сӯй мефиристад. Дурӯғ аст?

 − Хонаи худамон гармекак, ба дигарон коратончӣ?

− Муаллима нашуда муред. Бо чунин шуури паст ба бачекои одамако худбинӣ омӯзонда гаштаед - дия? А?

 Ба асаби занак ҳамин қабил таънаҳоро тирборон кардам, ки вай ҳам аз ман қасос гирифт.

− О–оҳ, мусичеки бегуноҳа бинанд. Амакбачетон чӣ номаъқулиҳо карда гаштааст?

− Чӣ кардааст?

− Амакбачетон боғчаи кӯҳная обу лой кард, кӣ донист? Анҷомҳои кӯҳна куҷо рафт?

− Куҷо рафт? Гӯед канӣ, нависам.

 − Муред - э, чор катчаи боғчая ба бачаҳо ҳамон кас магар тӯҳфа накарданд?

 − Пулаша аз ман гирифта будед - ку. Ҳмм, маълум мешавад, ки дар дунё ягон одами тоза набудааст.

– Ман хаёломез ба катчаҳои зери айвон беихтиёр назар андохтам.

 − Хиҷил нашавед, ҳеҷ кас моҳи беайб не… Кайфам парид. Аз занак зарбаи ганда хӯрдам. Қаламро як сӯ партофтам. Танқиднависӣ кори осон нест, аз афташ. Монанди тахтаи шоҳмот. Ба кадом хона дароӣ, бояд хатари мот шуданро андеша намоӣ. Оқибат ба маслиҳатҳои сензори эҳтиёткори меҳрубонам гӯш андохтам: ҳамаи мақолаҳо, фелетонҳои дар муддати як ҳафта навиштаамро ба сӯе тела додам. Ва хобидам. Занак осуда шуда, назди бачаҳояш рафт. Ӯ баромадан замон аз нав дарро маҳкам кардаму боз сари миз нишастам. Ҷавобгарӣ дар гардан охир. Дасти холӣ равам, пагоҳ аз як бурда нон мондан мумкин. Навиштам. Чунон фелетони аҷоиби фошкунандаву сиёҳкунандае дар ҳаққи идораи барқи шаҳракамон навиштам, ки мислашро дар ин наздикиҳо касе ҷуръати фош кардан нанамудааст. Баъди гузоштани нуқтаи охирин худро яке аз қаҳрамонҳои лигаҳои олӣ барин ҳисобида, аз ҷоям ҷаҳида ба по хестам. Рӯ - рӯи хоначекам, кулбаяки бо дастонам таъмиркардаам, бо бибиҷонаш рангубори ғароибе кардаам, ғолибона, калон–калон қадампартоӣ карда, давр задам. Ман ҳамеша аз чӣ бошад, худро даруни ҳамин хонаякам аз хатар озод ҳис мекунам. Дар дилам ягон шубҳаю тарс ҷойгир намешавад. Алҳол мамнун шуда, сурудеро замзама намудам. Баъди нӯшидани чойи термос то саҳари дигар мурда барин хобидам. Соати чаҳори саҳарӣ хурӯси ҳамсоя бедор кард. Аҳмақ, дар балкон хурӯспарварӣ. То ки ба ман халал расонад. Ин қадар бахиланд ин одамҳо. О ба фоидаи шумо барин одамон менависам - ку, чаро намефаҳманд? Хайр, ягон рӯз сараш ба деворе бархӯрад, ба қадри мо баринҳо мерасад. Ана, боз навиштам, то ҷон дораму ақл, навиштан мегирам. Хурӯсҳо ҷеғ зананд ҳам, карнаи фонограммаҳо кар кунанд ҳам. Насиб бошад, ҳафтаи оянда як мақолаи дигари танқидӣ хоҳам навишт. Яке сагпар варӣ, дигаре хукпарварӣ мекунад. Файзи биноҳои бисёрқабата рафтааст. Нафсашон дар гӯр шавад. Баъзеҳо дар қабатҳои нӯҳум сихкабобпазӣ карда, атрофро бо гази ангишту дуди сиёҳ пур кардаанд. Ҳа, ин гуна худписандҳоро ислоҳ карда, ҷамъиятро ба тартиб овардан шарт. Гапи Кабиров дуруст: мо - ҷорӯби ҷамъият. Рӯзи сешанбе пушти дари Кабиров ҷамъ омадем. Ин дафъа услуби кор дигар шуда буд. Вай дар ҷои гапфурӯшию насиҳатхониҳои беҳуда бояд мақолаҳои моро мехонду имзо мегузошт, ки чоп кунем. Навбати ман расид. Калон маро ба курсии рӯ ба рӯ шинонданд. Гарчанде ходимонро аз як санг дурӣ мешинохтанд, дар дохили кабинет ҳамеша айнакашонро ба хараки бинияшон савор карда, нигоҳ карданро дӯст медоштанд. Гӯё бе айнак шинад, салобаташон гум мешуда бошад. Ман ба ин ҳаракаташон эътибор надодам. Муҳимаш, фелетонамро хонанду қоил шаванд. Мисли пешина номардӣ накарданд. Бодиққат хонданд. Ва якбора, ҷаҳида хестанд.

− О - о - охир, худатон… - пас зуд нишаста, оҳиста сар хориданд ва бо мулоиматӣ фаҳмонданд: − Ҷӯраҷон, як ба атроф назар андозед. Агар автомат барин нависед, аввал худатон нобуд мешавед. Дуруст, лаънатии додари занак занакбози ҳаромхиштаки таҷовузкор. Илоҳо хонааш сӯзад – фоҳишахона. Одамҳо каланд зада нон хӯранд, вай аз «бозор»-и кушодааш. Гумон дорад, касе намедонад. Лекин афсӯс, ин фелетона… Илоҷи ҳамаро ёфтан осон, илоҷи янгетона… Э–эҳ, бародарҷон, гузаред аз баҳраш. Ба ман раҳм кунед. Янгетон… Монед… дарбадар нашавам.

Таваллою зории мардак диламро об кард. Мот шудам. Фелетони дигарро аз ҷузвдон набаровардам. Онҳоро дар ҷои дигар чоп кардан мумкин не. Якумӣ чоп шавад, калон дар кӯчаю ман бе ҷои кор мемонам. Бо касофати дигараш, худам сарсон мешавам. Бори аввал фаҳмидам, ки баъзе бузургон чаро гӯшанишиниро ихтиёр мекардаанд. Аз мубориза бо бибии бачаҳо хеле хафа гардида бошам, аз гирудор бо калон рӯҳафтодаю ғамгин шудам. Пои пиёда, нимаи шаҳрро давр зада, бегоҳирӯзӣ ба хона баргаштам. Хонаам дар канори серпартови шаҳр. Баъди аз назди партовгоҳ гузаштан, келинҳо ба назарам бало барин метобанд. Бо чаҳор келини худписанду писару набераҳои бефаҳм зиндагӣ кардан осон не. Ман бо кори идора банд шуда, пас аз хобидани хонавода баргаштанам мумкин - куя, ба бибии бачаҳо душвор. Ба наздикӣ ба нафақа мебарояд. Азоби гӯр дар пеш. Аллакай ба дилакаш воҳима афтодааст… Писарҳо аҳмақ. Ҳамааш бадрашк. Келинчакҳоя кор кардан намегузоранд. Ҳамагӣ бекор. Набераҳо ба дувоздаҳ нафар расидаанд. Ману кампир ғайр аз китобу дафтар чизе надорему вайҳо аллакай дар талаби мерос. Яке қошуқҳоро руст карда гардад, дигаре лашу лушҳоя аз чашм паноҳ кардааст. Э – эҳ, куҷо гурезам аз дасти зиндагӣ. Дар идора кор кардан торафт душвор. Талаб зӯру корбарӣ ноарзанда. Хаёломез, оҳиста дарро тела додам. Ба ҷониби ошхона тоб хӯрдам. Чаҳор келин миёни дуду ғубор рост меистоданд. Занак ҳамин дафъа дигар хел ғавғо мекард.

− Чоркаса шуда як дег оша сӯзонда хокистар кар даед? Хӯш, дутоат ба қошчинӣ рафтӣ, дутои дигарат чӣ кор кардӣ?

 Овози пасти кадом арӯсча баромад, ман аз паси дар дуруст нашунидам.

− Чӣ? – гуфт кампираки бечора бо даҳшат. − Такрор кун! Ба бӯи равған тоб наовардед? Динекак зоидед, боз сарторик шудаед? Гап назанам, гӯям, мекафам! Ин қадар бачая чӣ хел таъмин мекунед, маймунҳо, нодонҳо! Дафъ шавед ҳамаатон. Дигар тоқатам намонд. Аробетона худатон кашидан гиред! − Ман сулфида ба ошхона даромадам. Занак як бори дигар аррос мезад, аниқ инсулт мешуд.

 − Ҳа, бибиҷонаш, маҷлисбозӣ сари одама мехӯрад. Бохабар бошед, − гуфтаму аз дасташ оҳиста дошта, ба кулбаяки гӯшагии худаш бурдам.

 Вай ҷим намеистод:

− Шунидед, мардак, шунидед? Бешармҳо, беҳаёҳо. Ноинсофҳо!

− Хап шавед, бибиҷонаш, хап шавед. Бешармӣ аз ману шумо сар задагӣ, баҷонам, фаромӯш кардед? Минбаъд дар хоначеки ман китоб хонда шинед, сарашону равғанашон. Ба хона даровардам. Ҳабдоруе хӯрондам. Хобаш бурд. Гуруснагӣ фаромӯш шуд. Аз нав қалам ба даст гирифтам. Ва он чӣ ки ҳозирак шунидам, ба қоғаз фаровардам. Мақолаи танқидӣ баъди ду соатак тайёр шуд. Сад фоиз боварӣ дорам, ки касе ба гапам эътироз намекунад.

 

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо