Навгониҳо

ВОХӮРӢ ДАР НОҲИЯИ УЗУН

Мубодила:

Дар мактаби рақами 13-и ноҳияи Узун вохӯрии навбатии аҳли эҷоди  маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"  бо омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, тарғибгарони эҷодӣ ва  донишомӯзони мактабҳои тасилашон ба забони тоҷикии ноҳияи Узун баргузор шуд. Дар ин ҷамъомад  сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуров, мухбири маҷалла дар  вилояти  Сурхондарё Маҳкамҷон Ҷаъфаров иштирок намуда, ба омӯзгорону донишомӯзон дар бораи адабиёти имрӯзи  Ӯзбекистон ва нашри маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" маълумот доданд. Дар тадбир ҷонишини раиси маркази миллӣ – фарҳангии ноҳияи Узун  Муҳаммадӣ Кабиров иштирок ва суханронӣ намуд. Барои гузаронидани ин тадбир омӯзгори мактаб Шамсиддин Ниёзов саҳмгузор шуд Дар баробари ин вакили маҷаллаи "ДурдонаиШарқ" дар ноҳияи Узун Шавкат Остонаев низ ба сухан баромада барои минбаъд дар ноҳияи Узун зиёд намудани шумори муштариён ҳарф зад.  Омӯзгорони забону адабиёт ва тарғибгарон ҳам хоҳиш намуданд, ки маҷалларо ба онҳо расонанд ва онҳо ҳамкории худро бо маҷаллаи фарҳангӣ наздик мекунанд. Инчунин дар вохӯри донишомӯзони мактаби рақами 13 бо барномаи адабии “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” ҳунарнамоӣ карда, дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек шеърҳо қироат намуданд.
Дидорбинӣ хотирмон буд.

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо