Навгониҳо

"ХИРАДМАНД" ХИРАДРО БА КОР ОВАРАД...

Мубодила:

 Дар деҳаи Ӯхм бо иштироки даҳ дастаи мунтахаби мактабҳои таҳсилашон тоҷикии ноҳияҳои Форишу Нуратои ду вилояти ҳамсоя (Ҷиззаху Навоӣ) маҳфили донишу хирад баргузор гардид.

Кӯҳистони Нурато. Дар домани худ басо деҳу деҳкадаҳоро гунҷонидааст. Бештари ин мавзеъҳо тоҷикнишинанду таърихи беш аз ду ҳазорсола доранд.  Порашту Ӯхм, Арсафу Андагин, Моҷарму Синтаб, Соб, Эҷ ва Устук  аз ҳамин ҷумлаанд. Мардуми сарбаланди ин деҳу  деҳкадаҳо бо гузаштаи худ менозанду фахру ифтихор мекунанд. Ба қавли муаллифи ғояи маҳфили "Хирадманд" Юнуси Имомназар :

 

"Ҳама ба Арчаи солманди Моҷарм ошиқанд, ҳама ба Даҳ Азизони Синтаб эътиқод доранд, ҳама ба зиёрати оромгоҳи Эшони Халифаю Бибӣ Рӯшноии Андагин мераванд, ҳама шукӯҳи Қалъаи Феҷаки Эҷро пос медоранд, барои ҳама оби мусаффои Чашмаи Мӯсои Порашт гуворост, ҳама ба деҳкадаҳои Ӯхм меболаду чун қуллаи Сари Ҳаёт сарбаландӣ мекунад..."

Дарвоқеъ, баргузор намудани ин маҳфилро ҳанӯз ду моҳ муқаддам узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон, нависандаи хушсалиқа ва мутарҷими моҳиру чирадаст Юнуси Имомназар дар шаҳри Тошканд ба нақша гирифт ва пешниҳод намуд. Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах хуш пазируфт. Оинномаву замимаи ба тасвибрасонидаи Юнуси Имомназарро саривақт ба мактабҳои тоҷикии ду ноҳия ( Форишу Нурато) равон сохта, ҳушдор доданд, ки то оғози моҳи май ба маҳфили "Хирадманд" омодагӣ гиранд.

Рӯзи шанбе мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-и деҳаи Ӯхм идона оро ёфта буд. Гарчӣ борони баҳорӣ мерехту қадре ҳавои номусоид ҳукм меронд, аммо ҳама бо дили гарму самимона ба ин ҷо омада, саргарми хуш гузаронидани маҳфили донишу хирад буданд.

Омӯзгори маҳфилоро, ҳам сарояндаи хушхони кӯҳистони Нурато Дилмуроди Қӯзӣ аз боби қадру манзалати китоб, фазлу  дониш чанд ҳарф зад, аз  байтҳои бузургон овард,  моҳият ва мазмуни маҳфили мазкурро ошкор сохт, як-як ба ҳозирин дастаҳоро, ки панҷ нафарӣ созмон ёфта буданд, муаррифӣ намуд.

Доварон, омӯзгори собиқадори мактаби деҳаи Порашт Собир Эргашев, рӯзноманигорони маъруф Тӯхтамиш Боқиев (Пайғом) ва Фарҳоди Маҳмуд аз шаҳрҳои Гулистону Ҷиззах омада,  баромаду ба саволҳо ҷавобҳои иштирокчиёни маҳфилро баҳогузррӣ карданд.

Бояд гуфт, ки суолнома аз рӯи китоби "Гули санг"-и Юнуси Имомназар, қисмҳои тоҷикии "Фориш: одамлар ва удумлар", "Меҳрнома" (мураттибаш Абдукарим Шарифов) тартиб дода шудааст.

Аз рӯи натиҷаи суоли ҷавобҳо ва баҳогузории доварон  донишомӯзони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато  ҷойи аввалро гирифтанд. Ба ҷойи дуввум дастаи мунтахаби  мактаби рақами 13-и  деҳаи Порашт ва 30 юми деҳаи Сойихурд (Нурато) соҳиб гардиданд.

Ба ҷойи саввум якбора се даста: мактаби рақами 46-и деҳаи Ӯхм, мактаби 32-и Моҷарм ва 38 уми деҳаи Синтаб муносиб дониста шуд.

Ба ин дастаҳо Сипоснома, сертификат, тӯҳфаҳои пулӣ ва китобу даста-даста рӯзномаҷот, аз ҷониби  ҳомиён, Маркази миллӣ-фарҳангӣ, худи муаллифи китоби "Гули санг" Юнуси Имомназар, ҷавонмарди ҳиматбаланду дасткушод Ҷалол Халелов, ҳокимияти ноҳияи Фориш ва созмони ҷавонони ноҳияи  Нурато тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияи "Шеърхони беҳтарин", "Суханрони беҳтарин" ғолибон муайян гардиданд. Агар аз рӯйи раванди аввал Ганҷина Амирова (аз мактаби 49-и деҳаи Синтаб) ғолиб шуда бошад, Гулфина Акрамоваи Сойихурдӣ  сертификати "Суханрони беҳтарин"-ро ба даст овард.

Маҳфил собит сохт, ки китоб ба кас фазлу дониш медиҳад, ба камолот мерасонад, ба қавли нависандаи маъруф Саттор Турсун азиз асту баробари нон қадр дорад,  ғизои маънавӣ мебахшад. Тавре, ки ҳамдиёри мо, шоир Ҳикмат Ҳикматов меоварад:

"Хирадманд" хирадро ба кор оварад,
Ҷаҳоне пур аз файз ба бор оварад.

Меҳмонон баъди сӯҳбатҳои самимиву дӯстона ва ҳарфҳои  ризомандӣ аз аҳли Ӯхм, хоса ҷамоаи мактаби рақами 46 уму сарвари ҷавони он Икром Баротов ба шаҳру манзилҳои худ баргаштанд...

 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
Анорбой НАЗАРОВ,

хабарнигорони "Овози тоҷик".

Аксҳо аз Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо