Адабиёт

СИДДИҚИИ АҶЗӢ ТАДҚИҚОТИ НАВРО МЕХОҲАД

Мубодила:

Дар бораи шарҳи ҳол ва эҷодиёти маорифпарварии шоири маъруфи охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзии Самарқандӣ олимони адабиётшинос ва тадқиқотчиён, аз ҷумла Зариф Раҷабов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Холиқ Мирзозода, Садрӣ Саъдиев, Солеҳ Ҳалимов, Бегалӣ Қосимов, Мӯъмин Фаттоев, Салим Кенҷа, Кибриё Ҳасанова, Аслиддин Қамарзода, Ғафурҷон Маҳмудов ва даҳҳо дигар адабиётшиносон такрор ба такрор гуфтаанд. Аз ин ҷост, ки  мо ҳаёти давраи кӯдакии ӯ ва наврасии Аҷзиро такрор оварданӣ нестем. Мухтасар ёдовар шудан мумкин аст, ки ӯ дар синни кӯдакӣ аз падар ятим монда, дар парастиши модари босаводаш тарбия ёфтааст. Ӯ аз давраи ҷавониаш ба навиштани шеърҳо машғул шудааст. Маълумоте ҳаст, ки Аҷзӣ дар солҳои 1890 дар Самарқанд курси семоҳаи забони русиро тамом карда, дар ибтидои асри ХХ (соли 1903) дар деҳаи Ҳалвоии ноҳияи Ҷомбой, ки худ дар ҳамон мавзеъ зиндагӣ мекард, бо усули нав мактаб кушода, худаш дар он ба бачагон баробари ёд додани забони русӣ, инчунин аз фанҳои дунёвию динӣ дарс медиҳад. Худи ҳамин барои Саидаҳмадхоҷа як қаҳрамонӣ буд. Зеро дар замони мустабиди амирӣ донистани забони русӣ аз шахс нотарсию далерӣ ва шуҷоатмандиро талаб мекард. Ин хис­латҳо дар Аҷзии маърифатпарвар муҷассам буд. Боз маълумоте ҳаст, ки ӯ дар ноҳияи Чалак (ҳоло Пойариқ) низ мактаби тарзи нав кушода, фарзандони мардуми маҳаллиро низ саводнок мекунад.
Саидаҳмад Сиддиқӣ ҳамчун шоири маърифатпарвар дар шеъру дос­тонҳои худ тартиб ва усулҳои ақибмондаи мактабҳои замони худро зери танқид мегирад. Аз ҷумла, ӯ мехост ки дар мактабҳо барномаи таълим ва ҷадвали аниқи дарс ташкил шавад. Дар мадрасаҳо бошад, мударрис­ҳои босавод фаъолият нишон диҳанд. Ӯ дар ин бора ба Аҳмади Дониш пайравӣ мекунад ва орзу мекард, то давлати Бухоро мисли дигар мамлакатҳои тараққикардаи дунё тараққӣ ёбад. Дар шаҳрҳои марказӣ муассисаи маданӣ ё маърифатӣ ва қироатхонаҳо фаъолият нишон диҳад. Дар онҳо фарзандони мардуми маҳаллӣ маълумот гирифта тавонанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки корҳои ҷосусони буржуазияи англис ва рус шоирро ором намегузошт. Зеро онҳо аз бесаводии халқи маҳаллӣ истифода бурда бойигарии мамлакат, аз ҷумла пахта, абрешим, тилло ва ғайраҳо ҳаракат мекарданд, ки аз они худ кунанд.
 Ҳамаи инро Аҷзӣ аз худпарастии амиру амалдорон ва набудани технологияи нав медонист. Ин ҳолатро олими адабиётшинос Холиқ Мирзозода дар мақолаи «Миръоти ибрат ва эҷодиёти Аҷзӣ», ки дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шуда буд, чунин эзоҳ медиҳад. «… Дар ҳамин мобайн «ҷадид» ном адабиёти нав ба майдон омад. Яке аз намояндагони ин мафкура ва адабиёти он Саидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ буд, ки бо «Анҷумани арвоҳ», «Миръоти ибрат» ном достонҳои фантастикиаш ва бо «Айнул адаб» ном маҷмӯаи туркию тоҷикиаш дар адабиёти ҷадид шӯҳрат ёфтааст. (Ҳамон маҷалла, 1938 с. 2, саҳ. 17).
Достони «Анҷумани арвоҳ» ҳарчанд асари фантастикию хаёлӣ бошад ҳам, аҳамияти калони тараққихоҳона дорад. Дар он гӯё рӯҳи амири Бухоро Амир Музаффар бо афсӯс ва надомат ба халқи мамлакат муроҷиат карда мегӯяд, ки агар ӯ медонист, албатта, дар мамлакат илму ирфони дунёвиро ривоҷу равнақ медод. Мактабу мадрасаҳои нав ба нав сохта, ҷавононро баробари олами ислом бо илмҳои замонавӣ мусаллаҳ мекард. 
Бояд гуфт, ки Аҷзӣ ватани азизашро хеле дӯст медошт. Ӯ дар шеъру достонҳояш ватанро ба модари ғамхор монанд мекарду халқи ранҷбару камбағалро барои ҳар чӣ зудтар саводнок шудан даъват менамуд. Ин аст, ки ақидаи халқи камбағалро дар атрофи илму маориф ҷалб намудан дар тамоми эҷодиёти шоир ҷойи асосиро ишғол мекунад.
Аҷзӣ бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти давраи худро месанҷад, тағйироти ҷамъиятро меомӯзад, ба масъалаҳои фалсафа ва ахлоқ чуқур машғул мешавад, то ки фикру ақидаҳои худро дар асарҳояш пурра инъикос карда тавонад. Мувофиқи гуфти шоир одами нодон ва бемаърифат ҳамчун мурда аст. Вай қурбони зиддиятҳои дунёвӣ буда, ҳамчун маводи ночизе поймоли мардумон аст. Мактабу маориф ва саводхонӣ, ба ҷони инсон лаззат мебахшад, омӯхтани илми ҷаҳонӣ шараф аст. Ҳамин башорати Сиддиқӣ баъди сад сол яъне имрӯз исботи худро ёфт. Ҳоло фарзандони мо баробари донистани забони модарӣ аз пайи омӯхтани забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ фарангию олмонӣ ва  чинӣ мебошанд, дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои дигар таҳсил мегиранд.
Аз гуфтаҳои болоӣ маълум мешавад, ки Аҷзӣ баробари шоири мубориз будан, аз амиру уламоҳои замон барқарор кардани ҷамъияти навро талаб мекард. Хеле мехост, ки илму техникаи нав тараққӣ кунад. Мардуми шаҳр бофарҳангу маданиятнок шавад. Савияи дониши онҳо баланд шавад. Шоир дар асарҳояш ишорат мекунад, ки ба воситаи қубурҳои махсус аз дарёи Зарафшон ба шаҳр оби тоза оварда, дар майдони Регис­тон фаввораҳо сохта, атрофро ба гулу гулзор табдил диҳад. Мардумро бо оби тозаи  нӯшокӣ таъмин кунад. Ҳатто ӯ дар ҳамон замони худ нақшаи бунёд кардани канали Аму – Бухороро тайёр карда, пешниҳод мекунад, ки дашту саҳроҳои беоби Бухороро бо ин роҳ обод кардан имконпазир мешавад. Аммо амиру амалдорон ба ин пешниҳоди ӯ амал накарданд. Баръакс, ӯро кофир дониста, ба тазйиқҳои пай дар пай дучор мекарданд. Барои навиштани достони «Анҷумани арвоҳ» дар намози ҷумъа имоми масҷиди Регистон барои мардумро нисбати ӯ ба шӯр овардан мегӯяд, ки Аҷзиро дореду кушед. Ӯ ғайридин, кофири мутлақ аст. Дар китобаш арвоҳи амирони гузаштаро ба забон даровардааст. Ё мисоли дигар: Вақте ки модари пиронсолаш вафот мекунад, амин ва имоми деҳа мардумро намемонанд, ки ба ҷанозаи ӯ раванд. Шоири бечора тобути модарашро бо ду-се равшанфикрон Беҳбудӣ, Шакурӣ, Исматилло Раҳматиллозодаю шоир Наберахӯҷа ба ароба бор карда, бурда дар мазороти Хоҷа Абду Дарун мегӯронанд. Аммо ин иғвогарию тазйиқҳои душманонаш Аҷзиро рӯҳафтода накард. Баръакс шоир мусулмони ҳақиқӣ будани худро дар асарҳояш исбот кард. Ӯ ҳамчун ҳоҷӣ панҷ вақт намоз мегузошт, «Қуръон»-ро сар то охир ҳифз карда, ҳар як асари худро бо номи Худованд оғоз мекард.
Масъалаи дигар он аст, ки Раҷаб Амонов дар китоби «Аҷзӣ ва Асирӣ»-и худ асарҳои Аҷзиро номбар карда мегӯяд, ки «Муколимаи фазоия» ном асари ӯ чоп шудааст. Ин китоб чуноне, ки устод Айнӣ мегӯяд чоп нашудааст. Акнун ба муқоваи охирини достони «Анҷумани арвоҳ», ки дар боло ишорат шуда буд, назар меафканем. Дар он чунин ишорат шудааст. «Асарҳое, ки дар оянда табъу нашр мешаванд»
1. «Ганҷинаи ҳикмат» (адабиёти ҷадид, форсӣ) асари Сиддиқӣ.
2. «Тарҷимаи «Миръоти ибрат» (назм, туркӣ) асари Сиддиқӣ.
3. «Муколамаи фазоия» (назм, форсӣ) асари Сиддиқӣ.
4. «Айнул адаб» (адабиёти ҷадид) асари Сиддиқӣ
5. «Таҷвид» (форсӣ, саволу ҷавоб) асари Сиддиқӣ
Аз рӯйхати ин асарҳо маълум мешавад, ки мумкин “Муколамаи фазоия” рӯи чопро дида бошад. Хулоса карда гуфтанием, ки паҳлӯҳои эҷодиётӣ ба мо номаълуми ин шоири забардасти маорифпарвар ҳоло тадқиқоти нав ба нави илмиро талаб мекунад. Инак, боқимондаи суханро ба олимони Аҷзишинос ва тадқиқгарони эҷодиёти ӯ ҳавола мекунем. Ин ҷо достони «Арҷумани арвоҳ»-ро, ки соли 1914 дар Тифлис чоп шудааст, барои ихлосмандони маҷалла ба пуррагӣ чоп намуданро ҷоиз донистем.
 
Ҳамза ҶӮРА,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.


АНҶУМАНИ АРВОҲ

ё худ манзумаи “Илҳом ар-рӯҳ”

Ба номи он, ки раҳмону раҳим аст,
Вуҷудаш воҷибу зоташ қадим аст.
Кунам бо номи он оғоз гуфтор,
В-аз ӯ хоҳам иёнат баҳри ҳар кор.
Илоҳӣ аз забонам уқда во кун,
Диламро гулшани субҳи сано кун.
Ба оби авф шабнам зан гуламро,
Ба ёдат нола бахшо булбуламро.
Алими олами асрориву ғайб,
Ҳукуматдори шаҳристони лорайб.
Кун огоҳам зи сирри олами рӯҳ,
Дар ин раҳ кун далелам Одаму Нӯҳ.
Сӯйи таҳқиқ бар роҳ аз маҷозам,
Карам бахшой дар арзи ниёзам.
Забонро нозими ҳикмат баён кун,
Муродамро ба мардум тарҷумон кун.
        ***
Маро соле, ки тавфи Каъба шуд азм, 
Ба ҷон кардам иродат сӯйи ӯ ҷазм.
Зи ҳар мӯям кушода боли дигар, 
Ба ҷон аз шавқ ҳар дам ҳоли дигар.
На фарзанду на зан, на молу амлок,
Ба пешам дошт қадре чун кафи хок.
Либоси азм кардам дар бари хеш,
Дар ин раҳ лой кардам аз сари хеш.
Бурун аз хона рафтам сар гирифта,
Ба ишқи Каъба гӯё дар гирифта.
Фитодам дар раҳу гаштам равона,
Чу тире меравад сӯйи нишона.
Биҳамдуллаҳ, расидам то ба Макка,
Надонам дар биҳиштам ё ба Макка.
Гирифтам файзи ҷаннат аз ҳавояш,
Ба ҷон роҳат насими ҷонфизояш.
Ҳаҷар1 бӯсидаму шукрона кардам,
Ба даври Каъба худ парвона кардам.

Чу дидам зинати байту ҳарамро,
Намудам маҳв гулзори Ирамро.
Шудам шодоб з-оби чоҳи Замзам,
Дар он гаҳ з-оби Кавсар кай занам дам.
Пас он, ки кардам аҳкоми ҳаҷ итмом,
Бимондам дар Мадина чанд ҳангом.
Пас он дар Шому Бейрут, Ёфаву Қудс,
На Канъон монд аз ман на Тараблус.
Аз он ҷо Маросину Қабрис, в-Измир,
Сувайш, Искандария дидамаш сер.
Ба Миср ал- Қоҳира охир расидам,
Дар он ҷо ҳар чӣ нашнидам бидидам.
Сари шоҳи шаҳиди Карбалоро,
Ҳусайн ибни Алиюл Муртазоро.
Биҳамдуллоҳ зиёрат кардам ин ҷо,
Мазори чанд аҳли хонадонро.
        ***
Чӣ Мисре дар канори Нил барпост,
Саросар шакли хубу тарҳи зебост.
Иморатҳо баланд истода аз санг,
Шуда аз ҷурми онҳо осмон танг.
Шашу панҷ ошён ҳар як иморат,
Чӣ хушрангу чӣ зебошаклу ҳайъат.
Манори масҷидаш ҳар ҷо намудор,
Ба ҷойи гил расмаш бурда бар кор.
Зи санги кӯҳ гашта кӯчаҳо фарш,
Малак тавсифи ӯро бурда то Арш.
Мадорис ҳар куҷо дорулфунунҳо,
Аз онҳо гашта берун зуфунунҳо.
Ба фанну илм ҳар як Бӯалиранг,
Кунад бал дар фунун аз Бӯалӣ нанг.
Трамву, кунка берун аз шумора,
Фишонда суръати сайраш шарора.
Чароғи ҳикмат андар хонаҳо пур, 
Гирифта кӯчаву бозор аз он нур.
Ду ҷониб роҳ фарш аз санги рухом,
Сафои шиша пешаш гашта гумном.
Ба рӯяш нақшҳои хубу зебост,
Ту пиндорӣ, ки қолӣ дар таги пост.
Бувад ин роҳи махсуси пиёда,
Саворонро на з-ин роҳ истифода.
Миёни ин ду баҳри аспи гардун,
Барои офтомобил асту фойтун.
Фарангӣ духтарони моҳсимо,
Ба нозу ишва дар ин раҳ ниҳад по.
Зи як сӯ лӯбатони шӯхи мисрӣ,
Ба шӯхӣ саҷда дода тоқи кисрӣ.
Паризодони оҳучашми гулрӯй,
Бутони шӯхмоҳони сухангӯй.
Хиром оранд аз он раҳ ҳамчу товус,
Бароварда фиғон аз ҷони қақнус.
Ба ҳар ҷо боғу бӯстону ҳадиқа,
Бинои кӯҳна осору атиқа.
Аҷоибхона, ҳайвонхона, музӣ2,
Тиётрҳо ва бозии рамузӣ.
Ба бозӣ сохта эҳзори арвоҳ,
Намуда дар назар бозори арвоҳ.
Бувад музею ҳайвонхона дар боғ,
Набинад ҳар кӣ дар дил мениҳад доғ.
Гаҳе мерафтам он ҷо баҳри ибрат,
Тамошо менамудам бо фароғат.
Қафасҳо пур зи анвои паранда,
Ба оҳан хонаҳо хеле даранда.
Ба об афканда ҳайвонҳои баҳрӣ,
Ба хушкӣ ҷой дода ҷинси баррӣ.
Ба ҷӯи шиша аз анвои моҳӣ,
Ба оби соф карда дастгоҳӣ.
Чу рӯзе дар трамвое нишастам,
Ба сӯи гунбади Эҳром рафтам.
Чу дидам гунбади Эҳром он ҷо,
Зи санги кӯҳ кӯҳе гашта барпо.
Мураббаъ қубба чун кӯҳи баланде,
Дусад газ рафтааш кам нест чанде.
Бинои ӯ зи тӯфон солҳо чанд,
Муқаддам буда мегӯянду гӯянд.
Фарангон чун дари ӯ боз карданд,
Аз он сад гуна кашфи роз карданд.
Зи болои дараш ду тахтасанге,
Мусаффо чун забарҷад, малларанге.
Дар он тасвири чанде мору каждум,
Кулоғи сангпушту сурати бум.
Бипурсидам, ки: «Ин тасвирҳо чист?»
Ба ман гуфтанд к-ин хатти қадимист.
Зи дар сӯи дарун роҳи нишеб аст,
Ба бисту панҷ газ тӯлаш қариб аст.
Дар он ҷо зинае дар ҷониби рост,
Ба чандин поя сӯи ғарб болост.
Дар он ҷо гунбаде мебуд пайдо,
Ба музей мурдаро бурда зи ин ҷо.
Аз он ҷо бозгаштам то лаби Нил,
Таваққуф кардам ин ҷо офтомобил.
Дар он мавзеъ тиётирхонае буд,
Тамошояш аҷаб афсонае буд.
Зи навъи бозияш эҳзори арвоҳ,
Ва бозӣ карда истеҳрори арвоҳ.
Чу дидам руҳҳоро гашт ҳозир,
Ману он ҷо халоиқ буд нозир.
Ба рӯҳи ошно ҳар кас сухан кард,
Зи арвоҳон аҷоиб анҷуман кард.
Аз ин бозӣ маро печид бар сар,
Аҷаб фикру аҷаб савдои дигар.
Зи савдо бар сарам фикре нишаста,
Ки бинам рӯҳи шоҳони гузашта.
Ба мустаҳзир намудам арзи мақсуд,
Бигуфтам, к-эй ҳакими манбаи ҷуд.
Маро з-ин гуна аз арвоҳбозӣ,
Хусусан анҷуман з-арвоҳ созӣ.
Суол аз олами арвоҳ созам,
Ба лутфи хеш мекун сарфарозам.
Пазируфт ин сухан, гуфто, ки шаб ой,
Намоям базми махсусат дар ин ҷой.
Шудам хурсанд аз ин меҳрубониш,
Сарафрози каломи хушзабониш.
Аз он ҷо рӯ ниҳодам сӯи хона,
Ба сӯи хона гардидам равона.
Намудам як-ду соат истироҳат,
Вале то шаб маро кай буд тоқат?!
Қимори рӯҳбозӣ бурда ҳушам,
Шуда пеши сухан   масдуд гӯшам.
Бале! Гуфтам ҳар он гӯянд рафиқон,
Ба ин аҳволам он ҷо буд ҳайрон.
Маро он сири махфӣ сурма дода,
Намекардам ба аҳбобон ифода.
        ***
Ҷаҳон шуд пардапӯшу чодири шаб,
Намуда з-осмонҳо чашми кавкаб.
Магар ховар ба шӯхӣ гашта пинҳон,
Чу пинҳонбозиаш гардид эълон?!
Парешон гашта аҳволи кавокиб,
Чаро? Хуршедашон гардид ғоиб.
Миёншон гашт гӯё гуфтугӯе,
Ҳараш ҳар сӯ намуда ҷустуҷӯе.
Яке чашмак зада бо они дигар,
Ишорат карда к-он сӯ рафт ховар.
Парида онаш аз дунболи Хуршед,
Ба нолиш мӯ парешон карда Ноҳид.
Зи як сӯ Дубби Акбар канда занҷир,
Ба роҳ афтода аз дунболаи Шер.
Кушода Насри Тоир болҳоро,
Ба танг оварда айвони қазоро.
Аторуд карда сарфа ҷавҳари ҷон,
Намуда осмонро ҷавҳарафшон.
Ба хун жӯлида Миррих аз надомат,
Ба некӣ карда ӯ барпо қиёмат.
Фурӯ рафта Зуҳал дар ҳалқаи ғам.
Қамар монади пирон бар қади хам.
Шуда савдои дигар Муштариро,
Ба танг оварда чархи чамбариро.
Шудам ман низ аз онҳо сабақгир,
Расонам хешро дар сӯҳбати пир.
Зи манзил по ба суръат карда берун,
Задам монанди шабгардон шабехун.
Гирифта медавидам пой бар даст,
Зи шавқи рӯҳбозӣ сархушу маст.
Расидам пеши пири ҳикматэъҷоз,
Ба ҳам як лаҳзае гаштем дамсоз.
Зи ҳар сӯ гуфтугӯҳо дар миён шуд,
Ба он аҳволи мақсудам аён шуд.
Бигуфт оғози истеҳзор созам,
Туро кашфи ҳама асрор созам.
Даме сокит нишаст ӯ буда хомӯш,
Нафас дар сина ҳамчун масти мадҳуш.
        ***
Ду кас аз осмон гаштанд нозил,
Ҳараш дар курсие бигрифт манзил.
Либоси подшоҳӣ дошт дар бар,
Мурассаъ3 бо ҷавоҳир тоҷ бар сар.
Вале маъюсу ғамгин менамуданд,
Надонам аз чӣ рӯ ин гуна буданд?!
Расидам пештар, кардам саломе,
Алайкум гуфт бишнидам каломе.
Яке з-онҳо ба сӯи ман назар кард,
Маро кард огаҳу аз худ хабар кард.
Ба навъе дар такаллум кард гуфто:
«Музаффархон манам шоҳи Бухоро!
Пас аз мурдан маро шуд кор мушкил,
Чӣ мушкил пои шаҳро бошад ишкел.
Ҳузури ман бувад он ҷо ба тасхир,
Вале моро ба ҷунбиш нест тадбир.
Кунун воқиф шудам аз кори дунё,
Рабуда хоби ғафлат буда моро.
Маро дар фитрат оре буд тавфиқ,
Ба олам фош созам адли таҳқиқ.
Кунам обод мулки хештанро,
Ба пеш орам ривоҷи илму фанро.
Бигирам об аз дарёи Сурхон,
Аз он ободиҳо орам ба майдон.
Маҷонӣ нагзарад дарё ба денгиз,
Чунин оби самарбахши заромез.
На Қаршӣ об дорад, на Бухоро,
Зи пешаш бигзарад муфт оби дарё.
Халоиқ оби гармолуд нӯшанд,
Аз он сад ришта дар ҳар ҷисм ҷӯшанд.
Мапиндор он, ки ин аҷсоми беҳад,
Намояд ҳамчу ёқут аз забарҷад.
Бубинӣ кирми сурхак з-обаки зард,
Ҳараш микруб аз як гунаи дард.
Гадои об буданд аз Самарқанд,
Худоро гӯӣ бошад то каю чанд.
Ки рӯзе бо вазирон карда шӯро,
Намудам арз ҳамчун муддаоро.
Вазирон харҷи ӯ карданд тахмин,
Дусад милён дар он карданд таъин.
Чу донистам, ки онҳоро тамаъ зӯр,
Ба даврам буда он ҷамъи намаккӯр.
Зи ман ин муддаоро фавт карданд,
На аз ман зар на аз наҳр об хӯрданд.
        ***
Дигар ин фикр манро буд дар ёд,
Ба навъи тоза  созам олам обод.
Лисони давлати ҳамсоягонро,
Низоми ҷумла шоҳони ҷаҳонро.
Ба ҳар ҷо ҳар ҳунар бошад, биёрам,
Миёни мардумон онро гузорам.
Бино созам ман аз анвои мактаб,
Кунам ҳосил аз он ҳар гуна матлаб.
Бигирам унсу улфат бо салотин,
Ки орам номи нисбат бо салотин.
Маро з-ин фикрҳо манъам намуданд,
Забонҳо бал ба такфирам кушуданд.
Ҳар он гуфтанд раво набвад, шунидам,
Ба рӯям ҳеҷ фатвое надидам.
На аз охунд, муфтӣ, на зи аълам,
Сухан дар матлаби худ мешунидам.
Ҳар он дар фикр ояд буд мамнӯъ,
Ҳама фикри ман омад ғайри машрӯъ.
Ба зангирӣ, вале фатво бидоданд,
Ба дастам ҳуҷҷати расво бидоданд.
Бо ин найранг додандам тасалло,
Гузорам то ки созад ҳар чӣ онҳо.
Бубин найранги онҳо аз чӣ гунаст?!
Дилам то ин дам аз ин ғусса хун аст.
Барои нафси шахсишон ҳазорон,
Бароҳин аз ҳадису нафси Қуръон.
Шариат гашта чун бозича маҳкум,
Ба дасти муфтиён чун истии мум.
Ба ҳар сурат, ки хоҳандаш дароранд,
Зи уштур астар аз арнаб4 хар оранд.
Ду кӯҳнабӯриёи ҳуҷраи вақф,
Гаҷи девор ё шашу сеи сақф.
Ҳазору панҷсад тилло фурӯшанд,
Китоби норавоиро бипӯшанд.
Ризои хола бо фатвои аълам,
Шуда ҷоиз никоҳи ӯ ба дирҳам.
Шавад фикри савобе навбати ман,
Диҳад фатво ба куфру бидъати ман.
Чӣ гӯям дар мадорисҳои боранг,
Намехонанд ғайр аз илми найранг.

Агар найранг набвад гуфтаи мо,
Нашояд буд, бошад илми фатво.
Маро он девсират салладорон,
Ба сурат инсу бар фитрат зи шайтон.
Ба гардан ресмони макр бастанд,
Шукӯҳи шаъни султонӣ шикастанд.
Ба ҳар роҳе, ки мебурданд, бурданд,
Ба ҳар ҷо ҳар чӣ мекарданд, карданд.
Чу рӯзе машварат кардам ба онҳо,
Мадори шаръ, ҳомиёни дунё.
Ки рус аз хонаи худ гашта берун,
Ба сӯи мо юриш кардаст акнун.
Чӣ гуфтам, давлати русӣ бузург аст,
На танҳо бузрук, асбобаш сутург аст.
Бо ӯ аҳди амон созам чӣ шояд?!
Агар паймон диҳам, ин ҷо наояд.
Ғулӯ5 карда маро такфир карданд,
Мани бечораро таҳқир карданд.
Ба тарсидан маро карданд маҳмул,
Ба онҳо фикри худҳо буд мақбул.
Барои ман ғазоро фарз карданд,
Вагарна куфри моро арз карданд.
Ба аҷраш ҷаннат Кавсар намуда,
Ба ин афсун забонҳоро гушуда.
Ба гуфта халқро аҷри шаҳодат,
Чӣ бошад? Кавсару ҳурони ҷаннат.
Вале худ дар дуо машғул бошанд,
Дам андозанду дар хок бипошанд.
Дигар ҷамъе аз онҳо шайху эшон,
Даруни хонақоҳу зикри Субҳон.
Худо ҷӯянду нашносанд ӯро,
Вале сармоя карда зикри ҳуро.
Чунон бегонаанд ин зумра аз Ҳақ,
Ки бошад толиби маҷҳули6 Мутлақ.

Савоби ғазваву аҷри шаҳодат,
Барои ин ҷамоат нест ҳоҷат.
Чаро к-инҳо чароғи дину дунёст,
Калиди ҷаннат андар дасти онҳост.
Ки Рус омад ба Шошу кас фиристод,
Ки аҳди дӯстӣ дар байн бинҳод.
Ба ӯ то аҳд бандам, дӯст гардам,
Гунаҳкорам намуд ин халқи дардам.
Ки пешандоз карда лашкарамро,
Намуда гарм бо иғво сарамро.
Ба ночорӣ ғазо кардам зи номус,
Ба ман гардид ғолиб лашкари рус.
Мани дар оштӣ чун ташнаи об,
Чаро сулҳ аст ҳамчун дурри ноёб?!
Муҳаббат дар миён орад тавассут,
Бихезад аз миён фикри тасаллут7.
Зи Қонуни ҷаҳон кардам хабардор,
Намоям хуфтагонро зуд бедор.
Ба шайтонӣ маро карданд ҳайрон,
Аз инҳо мулкам охир гашт вайрон.
Намуда дӯстамро душман охир,
Бихезонданд ба рӯи ман охир.
Чу аз олам гузашт онҳову ман ҳам,
Ҷаҳондорӣ зи дастам гашт барҳам.
Ки андар олами рӯҳӣ расидам,
Кӣ буд онҳо чӣ мебошанд дидам.
Ба даъвӣ вориси пайғамбаронанд,
Қасам, билло, ки онҳо дигаронанд.
Шиносӣ вориси пайғамбаронро,
Аломатҳое маълум аст онро.
Чу пайғамбар барои дину миллат,
Кашида кулфати бе музди аҷрат8.
Барои дастбурди кори олам,
Чу пайғамбар наёсоянд як дам.
Чу инҳо дину дунё байъ9 карданд,
На ҷовид ҷаҳон монданд, мурданд.
Ба он катмонашон андар азобанд,
Ба сихи оташи дӯзах кабобанд».
        
        ***
Рафиқашро ишорат кард султон,
Ки гуфт:«Ин кас Амир Абдулаҳадхон.
Мани бечора оламро надидам,
Вале номи вилоятҳо шунидам.
Чун ин нисфи ҷаҳонро сайр карда,
Назар бар кори шарру хайр карда.
Зи олам зарра ибрат ногирифта,
Агарчанде зи ҳарҷо ҷо гирифта.
Наяфканда назар бар кори олам,
Шуда мағрури гиру дори олам.
Фунуни Аврупо сад бор дида,
Ба ҳар ҷо ҳар чи гуна кор дида.
Накард оне, ки мулк обод карда,
Ба санъат халқу мулк истод карда.
Надода роҳ дар мулк илму фанро,
Сабаб шуд дар хароб охир ватанро.
Ғуломи асп буд ин шоҳи даврон,
Аҷаб шахсест хизматгори ҳайвон.
Ба олам ин ҳунарро кард ҷорӣ,
Ба ин фан аз раият хост ёрӣ.
Раият чун Алӣ дини мулуканд,
Бубин ҳоло ҳама дар ин сулуканд10.
Чу баъзе мардро дар хона нон нест,
Надорад асп ӯ з-аҳли ҷаҳон нест.
Ба меҳнат шаш дирам рӯзӣ кунад касб,
Ба худ нон нест, гирад нимаки асп.
Ба олам гар бубинӣ ҷумла аъён,
Ҳама гардида саргинкаш ба ҳайвон.
Ба онҳо мақсад аз ин асптозӣ,
Яке бузғоларо созанд бозӣ.
Ба бозӣ пора-пора гашта ишкам,
Наҷосат, гӯшт омезанд бо ҳам.
Аз он созанд сабзак шӯрбое,
Зи саргин дода буду ранги чое.
Хӯранду сер гарданд аз наҷосат,
Куҷо муфтӣ? Чӣ гуфт ин ҷо шариат?
Ба ин султонӣ бо ин шаҳриёрӣ,
Ба олам монад ин фан ёдгорӣ.

        ***
Кунун фарзанди ин гардида султон,
Кунад дар маснади султонӣ ҷавлон.
Чу донанд он аз ин беҳтар набошад,
Ба фикри равнақи кишвар набошад.
Чаро к-он ҳам мутеъи олимон аст,
Асири қайд ҳамчун золимон аст.
Ба давраш ҷамъ даллолони исён,
Шаҳи бечораро олуда домон.
Зи дунё олами руҳ аст берун,
Вагарна буд корам аз ҳад афзун.
Расуле мефиристодам ба дунё,
Хабар медодам аз аҳволи уқбо11.
Шаҳонро менамудам ин васият,
Ба муллоён насозад ҳеч сӯҳбат.
Магар онҳо, ки дорад дину инсоф,
Ба нури шаръ дорад синаи соф?!
Ки онҳо ҷумла ҷоҳил ҷумла кӯранд,
Ба истикроми олам дар ғуруранд.
Бурун аз ҷодаи инсоф сад санг,
Бувад дур аз диёнат чанд фарсанг.
Сари Мансурро бар дор карданд,
В-аз ин гун чандро сангсор карданд.
Тифоқи бухлашон бошад фарогир,
Саропошон иноду кибру тазвир.
Ба мазҳабҳо намуда қисмат ислом,
Шуда исломи мискин бо сад ақсом12.
Зи Қуръону ҳадис эъроз13 карда,
Ба як ислом сад дар боз карда.
Муҳаммад бинни Исмоилро чанд,
Зи шаҳру қаряҳо ихроҷ карданд.
“Саҳеҳ”ашро вале бошанд иқрор,
Бисозанд, лек бо аҳкоми ӯ кор.
Худову халқро маҳдуд карданд,
Дар он ҳад ҷумларо мавҷуд карданд.
Аз он берун адам номе ниҳоданд,
Дар он маҳдуд анҷоме ниҳоданд.
Намуда осмонро нуқраву зар,
Ба ҳикматҳои Юнон карда бовар.
Худо худ гуфта, осмонҳо духон аст,
Навишта ҳамчу дар Қуръон он аст.
Аз инҳо карда такзиби14 Худоро,
Накарда бовар амри Мустафоро.
        ***
Шудам имрӯз ман берун зи дунё,
Тамошо мекунам сунъи15 Худоро.
Туро огаҳ кунам аз суръати рӯҳ,
Ки бошад инчунин хосияти рӯҳ.
Ба як мижгон задан аз арш то арз,
Расида метавон, ин гуна кун фарз.
Ҳазорон сол бо ин суръат ояд,
Ки то ӯ аз ҷаҳон берун барояд.
Ҳанӯз аст ӯ равон дар қатраи баҳр,
Таҷовуз кай тавон аз қатраи баҳр.
Худову оламу халқаш калон аст,
На ӯ маҳдуд нӯҳум осмон аст.
К-аз он берун адам бошад касе нест,
Ту некӯ бингар ин афсонаи чист?
К-аз он маҳдудии Ҳақ лозим ояд,
Ки маҳдудӣ Худоеро нашояд.
Ба тафсирон чунин таъвил16 карданд,
Худоро гуфтааш табдил карданд.
Гирифта ҳикмати юнониёнро,
Намуда маркази олам Заминро.
Замин маҳмили гову моҳӣ карданд,
Зи кӯҳи Қоф бастандаш камарбанд.
Чу инҳо то дар ин ҷо гумраҳонанд,
Каломи Ҳаққу ботилро надонанд.

        ***
Гадоёне, ки пур дар раставу роҳ,
Ба фарду ҷамъ гӯёнанд Аллоҳ.
Саҳиҳ ул-ҷисм бошад, чашм биност,
Ту бингар ҷумлаи мардон тавоност.
Ба инҳо нест шаръи хайру эҳсон,
Ба ҷуз онҳо бувад маддоҳи бачгон.
Зи манъаш соҳибони шаръӣ моро,
Набошад суд онҳоро чӣ парво?    
Ба дӯконҳо қимору қартабозӣ,
Рубобу барбату қонуннавозӣ.
Чаро аз муҳтасиб он нест мамнӯъ?
Ки он феъл набвад ғайри машрӯъ.
Бале, донанд бошанд дар тағофул,
Чаро к-аз манъи онҳо н-оварад бул.
Худо донад, ки ин мардум Худоро,
Чӣ пиндоранд, бишнав ҳарфи моро?!
Туро ман аз Худо огоҳ созам,
Муҷаррад зи шаку ишбоҳ созам.
Худо фавқи қаво як қувати ӯст,
Сазоворе ба маъбудияти ӯст.
К-аз он авсоф ончун нест бе чун,
Барояд ҳосил ин як ҷумла мазмун.
Агар бовар надорӣ дар каломам,
Туро як ҳуҷҷати дигар намоям.
Ту мехоҳӣ, ки ин маънӣ бидонӣ,
Зи таснифоти Бедил метавонӣ.
Самовот аст гар гӯӣ мутаббақ,
Бале, он гуна атбоқаш бувад Ҳақ.
Наёяд ҷурми салбӣ лозим аз он,
Зи ҳикматҳои холӣ бину мехон.
Само дар урфи кулли мо алок аст,
Фазо гӯё ҳама бо мо фалок аст.
Агар тафсири ин хоҳӣ, ки донӣ,
Китоби “Нухбат уз-зуҳрия” хонӣ.
Китоб аст он, ки ӯро аҳли таҳқиқ,
Саропояш ба Қуръон карда тадбиқ.
        ***
Дигар чизе туро созам васият,
Агар руҳониён созанд ҳиммат.
Ва иҷрои вазоиф метавонанд,
Ҳадиси Мустафоро гар бихонанд.
Амал ба гуфтаи Қуръон намоянд,
«Саҳеҳ»-и Ибни Исмоил кушоянд.
Машаққатро ба худ лозим намоянд,
Дари осудагӣ бар худ кушоянд.
Зи даъвоҳои бидъат бозистанд,
Зи истеъмоли ҳурмат бозистанд.
Кашанд аз фатвии ноҳақ яди хеш,
Ба истиғфор аз феъли бади хеш.
Мақомоти Алиро пеш гиранд,
Чунинҳо лозим андар хеш гиранд.
Алӣ гӯяд фарзандони худро,
Биёмӯзед баҳри кори дунё.
Фунуну илми мустақбал бихонанд,
Чаро к-он аз шумо сонӣ биёянд?!
Замон ҳар лаҳза дигарранг бошад,
Гаҳе дар сулҳ, гоҳе ҷанг бошад.
Худоро ин васиятҳои моро,
Ба олам фош мекун дар Бухоро.

        ***
Бале, ҳоло шумо дар мулки Русед,
Чӣ некӯбахту маъмун аз нуҳусед.
Вале аз илм камтар баҳрамандед,
Васият ҳар чӣ ман созам писандед.
Ҳазорон шукр мебояд шуморо,
Шудед озод аз ҳукми Бухоро.
Дар ин ҷо сабз гаштан метавонед,
Бигӯям қадри ин неъмат бидонед.
Диҳед атфоли худҳоро ба мактаб,
Зи мактаб мерасанд охир ба матлаб.
Ба ислоҳи мадорис чора ҷӯед,
Ба гӯши ҳар кӣ дар ин бора гӯед.
Макотибро адад бисёр созанд,
Халоиқро ба фан тайёр созанд.
Шариат аз хиёнат соф доранд,
Улуми фиқҳро омода созанд.
Агар аз зиндагӣ доред уммед,
Урупо ҳар чӣ медонад, бидонед.
Вагарна  мустаъиди инқирозед,
Ба оташдони меҳнат дар гудозед.
Сухан ин ҷо расид аз ҳазрати шоҳ,
Шудам аз илми арвоҳи вай огоҳ.
Маро ин қисса аҳволам дигар кард,
Ба ҳолам гӯиё сеҳре асар кард.

        ***
Зи по афтодам он ҷо гашта беҳуш,
Ба хоки тира ҳамчун санг мафруш.
Надонам чанд гоҳ аз ман гузар кард,
Маро мустаҳзир17 ин ҷо бохабар кард.
Гулобе зад ба рӯям обаке дод,
Ба болои сарир оварда бинҳод.
Пас аз гоҳе ба ҳуш омад сари ман,
Таом овард мустаҳзир бари ман.
Тановул кардам аз он луқмае чанд,
Зи инсонияти ӯ гашта хурсанд.
Ҷавобам дод, дидам субҳидам шуд,
Маро хавфу ҳарос аз сина кам шуд.
Кавокиб аз паи хуршедҷӯйи
Парешон гашта ҳар як рафта сӯе,
Магар хуршед аз онҳо ниҳонӣ,
Баромад баҳри сайри осмонӣ.
Чу дидам як зи кавкаб нест дар ҷо,
Зи Машриқ Меҳр ногаҳ гашта пайдо.
Аз он ҷо рӯ ниҳодам ҷониби роҳ,
Намуда банд фикрам гуфтаи шоҳ.
Далел аз Нахбару бурҳон зи Бедил,
Маро дар ҳалли он шуд муштағил дил.
Давон дар «Ҷомеъ ул-азҳар» расидам,
Китоби Нахбар дар ин ҷо бидидам.
Дар он гуфтори шаҳ таҳқиқ кардам,
Васиятҳои ӯ тасдиқ кардам.
        ***
Илоҳӣ бар мани Аҷзӣ бубахшой,
Ба тӯҳмат доманам, ё Раб, маёлой.
Асар бахш аз каломам мардумонро,
Бидеҳ оби гуҳар теғи забонро.
Ҳадаф тири каломамро макун санг,
Савори мақсадам дар раҳ макун ланг.
Ҳикоётам ба шаҳди ибратомез,
Ба коми фикри самоаш шакаррез.
Чӣ тарсам гарчи такфирам намоянд,
Аминам ин, ки дар динам дароянд.
Маро дини Муҳаммад дастгир аст,
Ту доноӣ чӣ моро дар замир аст.
Чӣ тарсам аз маломатҳову такфир,
Чӣ ғам, ки нораво созанд таҳқир.
Даридам пардаи ғафлат ҷаҳонро,
Намудам чист дунё мардумонро.
Ту худ аз бандагон бардор ғафлат,
Назар бар ҳоли мо мекун ба раҳмат.
Ба рӯи мо кушо боби тараққӣ,
Ба ҳаққи он, ки яктоиву ҳаққӣ.
Забону ҷонам андар илтиҷо шуд,
Лисони рӯҳ илҳоми Худо шуд.


Таъбирномаи манзумаи “Миръоти ибрат”  ва ӯ 
рисолаи манзума аст, муштамил бар хобу найранг


Бидеҳ Соқӣ шароби ҷоми ваҳдат,
Ки бахшад нашъаи хамри18 муҳаббат.
Ба мастӣ ҳушёрам кун зи олам,
Зи олам кун ба мастӣ ҳушёрам.
Биё, мутриб, навои тоза кун соз,
Ба роҳи рост мекун нағма оғоз.
Маро кун огаҳ аз «Роҳи Ироқ»-ам,
Ба шаҳди нағма ширин кун мазоқам.
Ба гӯшам нағмаҳои ғамзада хон,
Бинол аз насри «Сегоҳ»у «Наво» хон.
Ман аз килкам барорам нолаи най,
Сӯи мақсуд аз рамзаш барам пай.
Кунам аз бехудӣ савту тарона,
Барорам нолаи чангу чағона.
Зи шавқи нағма рақс орам ба майдон,
Диҳам афсонагӯиро ба ҷавлон.
        ***
Чу рӯзе бо яке з-аҳбоби содиқ,
Рафиқи мушфиқу ёри мувофиқ.
Равон гаштам сӯйи сайргоҳе,
Ба ҷӯе роҳ чун дар об моҳӣ.
Хиромидам аз ҳар раставу роҳ,
Дукондоре таъриф карда ногоҳ.
Китобу коғаз амволи дуконаш,
Фитода аз замин то осмонаш.
Даме кардем ин ҷо истироҳат,
Дар ин ҷо гарм шуд бозори сӯҳбат.
Ба нақди гуфтугӯ кардем савдо,
Сухан доду гирифте дошт ин ҷо.
Китоберо гирифту монд дар пеш,
Дар ин ҷо ногаҳ омад марди дарвеш.

и сар то пояш аз равшанзамирӣ,
Аён гашта зи ҳар мӯ нури пирӣ.
Каломаш ҷавҳар аз дурҷу19 садафрез,
Забонаш дар таколум шаккаромез.
Суханҳояш ҳама сангину рангин,
Саропо мағзу маъно кӯҳи тамкин.
Каломаш чун дами Исӣ асарбахш,
Вуҷудаш ҷаннати дилро самарбахш.
Ҷаҳондида  ва пири хизркирдор,
Ба олам бал зи Хизр ӯ гашта бисёр.
Зи табъи равшане ,фикри расое,
Маҳалли илму ирфон, некрое.
Фариди асру яктои замона,
Дилашро карда фанну илм хона.
Бигуфт: Ин чист, чанд авроқи дафтар?
Диҳӣ рухсат, бубинам пой то сар.
Ҷавобаш дод, к-эй пири тариқат,
Бувад унвони ин “Миръоти ибрат”.
Дар он афсонаи хобеву найранг,
Гирифта олам аз найранги ӯ танг.
Нишаст он пир, гуфт:- Эй нури дида,
Ман ин найранг дар хобам надида.
Бубинам як дам ин найрангу хобат,
Дар он лозим бувад, гӯям ҷавобат.
Сухан аз хобу найрангам кушодӣ,
Маро бедор аз хобам намудӣ.


Аҷаб набвад, ки ин найрангу ин хоб,
Диҳад дар гулшани мақсуди ман об.    
Гирифту кард сар то по назора,
Зи хурсандӣ гирифт аз сар дубора.
Ба ҳар мисраъ намуда шарҳу тафсир,
Пайи таъбири хоби нозимаш пир.
Ба ҳар ҷо мекашид оҳи баланде,
Фитода ҳамчу дар миҷмар сипанде.
Гаҳе хандида, гоҳе гиря мекард,
Гаҳе аз шавқ  истеҳсон ҳамекард.
Бигуфт, аз ин ду маънӣ кардам идрок,
Гарам созад ҳидоят Эзиди пок.
Ду дарду ду даво тақдир кардам,
Чунин ин хобро таъбир кардам.
Туро кӯтоҳ созам гуфтугӯро,
Агар хобӣ, ки гирӣ  обрӯро.
Ба саҳро панба20 кун дар шаҳр мактаб,
Аз ин ду мерасӣ охир ба матлаб.
Шунав ту инчунин таъбир аз пир,
Бале, таъбири ӯро нест тафсир.
Бигирӣ ибрат аз ин хоби найранг,
Нагардӣ дар ҷаҳон аз зиндагӣ танг.
К-аз ин афсонаро афсона созанд,
Халоиқ хешро девона созанд.
                                                   Тифлис, соли 1914


ЛУҒАТ:
1 Ҳаҷар – санги сиёҳи Макка
2 Музӣ – музей
3 Мурассаъ – ороишдодашуда
4 Арнаб – харгӯш
5 Ғулӯ – муболиға
6 Маҷҳул – номаълум
7 Тасаллут – зердаст кардан
8 Аҷр – мукофот
9 Байъ – дар ин ҷо ба маънои далел
10 Сулук – рафтор

11 Уқбо – охират,
12 Ақсом – қисм,
13 Эъроз – ғараз
14 Такзиб – дурӯғи касеро фош кардан
14 Сунъ – эҷод ва офариниш
16 Таъвил – маънидод кардан
17 Мустаҳзир – ёридиҳанда
18 Хамр – шароб
19 Дарҷ – мактуб, коғаз
20 Панба – пахта, чигит

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо