Адабиёт

ТАРОНА ВА АНДӮХТАҲО

Мубодила:

Дили  ман  то  кунун  ба  ҳоли  гулҳое  месӯзад, ки рӯйи  дастонам   интизори  ту  хазон  шуданд...
***
Моҳу  Офтоб  чашмони  модарони  моянд, ки дар  ғаму  ташвиши  мо- фарзандон   даме  нахобанд.
***
Бархӯрди  чашмони  мо  гуфтугӯи  дилҳоямон   буд.
***
Дунё  аҷиб  аст, одамони  ақлдор  ҳам  барои  пул  гул  мефурӯшанд.
***
Аҷабо, оташ  бо  ҳама  қудрат, ки  дорад,  боз  аз  об  метарсад.
***
Чаро  аз  хотира  менолему  аз  ақл  не?
***
Дареғо, ҳар  қадар  ки  хатои  худро  зуд  дарк  кунем,  ҳамон  қадар  тез  фаромӯш  мекунем.
***
Ҷоми  майкадаро  чандин  бор  шикастаам, лек  мекӯшам, ки  ҷоми  дили  дӯстонро  нашиканам.
***
Шӯълаи  субҳ  моро  бедор  мекунад, то  дар  хоби  абад   намонем.
***
Сангро  об   сӯрох   мекунад, санги  дилро  ғам.
***
Шаршараҳои  кӯҳ-ҷомҳои  лабрези  табиат,  кокулони  парешони   духтаронро  мемонад, ки  як  умр  ман  ошиқи  онҳоям.
***
Модар-Замин  маъвои  ҷовидонии  мост.  Дар  батни  модар  пайдо  мешавему  ба  батни  замин  меравем.
***
Барои  дилро  холӣ  кардан   бояд  ба  қабристон  рафт,   чунки  он  ҷо  ҳама  гуфтаҳоятро  хомӯш  гӯш  мекунанд.
***
Дӯст  аз  душман  чӣ  фарқ  дорад?
Дӯст  ҳол  мепурсаду  душман  ҷон!
***
Шоир  ишқзадааст,  агар  ишқзада  нест, шоир  нест.
***
Агар  ба  кӯрчашме  ҳамнишинӣ  ҳеҷ  боке  нест,  агар  бо  кӯрдиле  ҳамнишин  шавӣ- вой  бар   ту!
***
Агар  дил  дорӣ, дилдодаӣ,
Дилдодагӣ – дилеро   обод  кардан  аст.
***
Гавҳораву  Тобут: яке  рамзи  зиндагиву  дигаре  рамзи  марг.
Зиндагиву  марг  паҳлӯи  ягдигаранд.
***
Гарчи  Шамъу  Чароғ  ҳарду  равшанӣ  доранд, дар  шӯълаи  Шамъ  рӯзгори  мози  намоён  аст.
***
Ман   зодаи  Замину  Осмон   ҳастам,  вале  чун  онҳо  ҷовидон  нестам.
***
Ман  аробаи  худро  барои  он  худам  мекашам, ки  фарзандам  аробаи  набераамро накашад.
***
Ҳарчанд  ман  бар  қоғазу  қалам  ғолиб  будан  мехоҳам, лек  ҳар  ду  аз  ман  пирӯзтаранд
***
То  кай  дар  сояи  дигарон  мегардӣ, соядор  бош, ки шиносандат.

✍? РАҲИМШОҲ ШАРИФЗОДА

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо