Адабиёт

ҶАШНИ ШОИР

Мубодила:

ҶАШНИ ШОИР

Он малики мулки ашъори Аҷам,
Рӯдакӣ бар манзилаш баргаштааст. 
Баъди ғурбат дар дами пирии худ, 
Бар Самарқанди дилаш баргаштааст.

Шеъри ӯ имрӯз бо чандин забон,
Хондаю шоданд ҷумла мардумон.
Асрҳо бигзашту бас давру замон,
Монда ашъори накӯяш ҷовидон.

Рӯдакӣ сардафтари шеъри дарӣ,
Дошт бар имрӯзи некӯ боварӣ. 
То кунун бо фитрату ақлу хирад, 
Шеъру шоирро намояд сарварӣ!

«Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-аш бар Ватан, 
Боз гардонида чандин ҳамватан.
Шоири ту ҷашн дорад халқи ман,
Ҷашни шоир ҷашни шеър асту сухан!

✍? АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо