Адабиёт

САМАРҚАНД

Мубодила:

Достон хонад ба ман ҳар хишти ту 
Аз дили пурдарди бобоёни суғд, 
Рангҳо аз хуни ҳар як сарбадор 
Қисса мехонанд гӯё бо суҷуд.

Зери гунбадҳои сабзу нилгун,
Рӯ ба рӯи ҳар манори дилписанд,
Даргузар андеша мегирад маро:
«Рамзхоне ку ба ин таъриху панд?!».

Ранг гирад то ки ин нақшу нигор, 
Нури чашмони азизон рехтаст.
Тарҳ бандад то ки ҳар як хишти сахт, 
Хоки он бо ашку хун омехтаст.

Мерасад бар гӯшам аз ҳар гунбаде 
Гӯиё акси садои он замон:
Гаҳ садои базму гаҳ шӯри гадо,
Гаҳ талошу баҳси гарми шоирон.

Тофт андар нақши гунбадҳо шафақ, 
Ҷилвагар дидам дар онҳо бостон; 
Акси дилҷӯи Мароқанди қадим, 
Қалъаи Афросиёби бенишон.

По ниҳам оҳиста бар ҳар зинае, 
Бигзарам аз ҳуҷраҳои он хамӯш. 
Балки Ҷомӣ дар яке аз ҳуҷраҳо 
Дӯхтаст ин дам ба сафҳа чашму ҳуш.

Балки Давлатшоҳ меояд бурун 
Ин замон аз ҳуҷраи паҳлуи ман?!
Ё Низомии Арӯзӣ мерасад 
Зинаҳоро даргузашта сӯи ман?!


Баҳром ФИРӮЗ
(1939-1994)

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо