Маҷалла "Дурдонаи Шарқ"

БАРОИ ОЯНДАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ӮЗБЕКИСТОН МАСЪУЛЕМ

Мубодила:

“Шоире пеши табиб рафту гуфт:
– Чизе дар дили ман гиреҳ шудааст ва вақти маро нохуш медорад ва аз он ҷо фасурдагӣ ба ҳама аъзои ман мерасад ва мўй бар андоми ман бармехезад.
Табиб марде зариф буд, гуфт:
– Ҳеҷ шеъре ба тозагӣ гуфтайӣ, ки ҳанӯз бар касе нахонда бошӣ? 
Гуфт:
– Оре. 
Гуфт:
– Бихон! 
Бихонд. 
Боз гуфт:
– Бихон! 
Бихонд. 
Гуфт:
– Бархез, ки наҷот ёфтӣ. Ин шеър буд, ки дар дили ту гиреҳ шуда буд ва хунукии он ба берун сироят мекард. Чун аз дили худ берун кардӣ, халос ёфтӣ”.
Ин ҳикоят аз “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Сабаби ин ҷо овардани ин ҳикоят он аст, ки аксари эҷодкорони мо дар ҷус­туҷӯи чунин табиби ҳозиқанд. Шеърҳояшон дар дилашон гиреҳ бастаасту шунавандае намеёбанд.
Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” минбари эҷодкорону адабиётдӯстони тоҷик асту чун табибе шеърҳои дар дилатон гиреҳхӯрдаро берун меорад ва ба муштариён мерасонад. 
Барои пайванди адабиёти дирӯзу имрӯз саҳифаҳои эҷоди ҷавонон ва наврасон “Ғунчаҳои умед”-ро ташкил намудем. Хуб медонем, навиштаҳои онҳо ҳоло номукаммаланд. Таҳрир металабанд. Хушбинем. Рӯзе тавфиқ меёбанд. Аз он шодем, ки реша дар об аст. Дар байни ҷавонону наврасони мо истеъдодҳо ҳастанд ва адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон давомдиҳандагон дорад.
Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” барои дирӯзу имрӯз ва ояндаи адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон масъул аст.
Мо бо Шумоем, ҳамзабонон, Шумо ҳам бо мо бошед! 

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо