Навгониҳо

РОМИШГАРИ МУҲАББАТ

Мубодила:

 Ба андешаи ман, адибони тоҷике, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ба кори офариниш мепардозанд, барои бақову боландагиву пояндагии забони модарӣ ва фарҳангу адабу ирфони ҷаҳонтасхири мо хидмати бештареро ба сомон мерасонанд, зеро ин афроди роятафроз масъул ва маъмури нигаҳдории он ҳама афрӯзаҳову омӯзаҳои бузурги маънавӣ дар мамолики дигаранд. Табиист, ки танҳо-танҳо дар нуқоти наздику дуре чароғи фазли аҷдодиро рӯшанӣ бахшидан ва ҳуруфи дили худро бо забони шарифи ниёкон мавзун намудан ҳунари одиву маъмулӣ нест. Ин иқдому ифтитоҳ ҷасорати азим мехоҳад: Илҳоми Насафӣ як тан аз шумори ҳамин машъаладорони забони тоҷикист, ки дар куҳаншаҳри пуровозаи Тирмиз чароғи деринро зинда нигоҳ медорад ва шеъри нағз мегӯяд. Шеъри нағз бо забони нобу хушоби модарӣ, бо ҳуруфи бирешимиву мунаввару мубарро бо ишқу ормону таманноҳои бузурги милливу башарӣ, бо нигоҳе вусъатманд ба Тирмизу Насафу Самарқанду Бухорову Хуҷанд, ба Нахшабу Сурхон, ба Эрону Тӯрон, ба тамоми қаламрави шеъру ирфон, ба кулли ҷаҳон! Илҳом, ки бештар ба жанри суннатии ғазалу рубоиву дубайтӣ руҷуъ мекунад, шеъраш маҳкаму қавибунёд аст. Аз осораш пайдост, ки аз Қуръони Карим андӯхтаҳои фаровон дорад ва аз ин офтоби сармади улвӣ рӯҳу ҷонашро фурӯзон кардааст. Ӯ аз ашъори Одамушшуаро Рӯдакиву Ҳакими Тӯсиву Пири Балхиву Ҳофизу Бедил ангезаҳои мунири рӯҳониву равонӣ бардоштааст ба ҳадде, ки дар саросари ашъораш зарабони шеъри Мавлои Балху Ҳофизу Бедил садо медиҳад. Аммо ин падида тақлиду рӯбардор нест. Илҳом шоири муҳаққиқ аст, на сухансози муқаллид. Ӯ зоҳирнигари аразандеши суратбин нест, балки жарфнаварди ботиншикофи ниҳоношноест, ки ба ҷавҳари андешаи бузургон сафар кардааст ва нобтарину нодиртарин армуғонҳои маънавиро аз эшон баргузидаву тасмим гирифтааст, ки дар чакомаҳои худ ба рӯҳу ҷони тоза муҷаддад намояд:


Замин чун киштии бишкаста дар гирдоби тӯфонҳост,
Худоё, раҳм кун бар ҳоли абнои башар ин ҷо –


мегӯяд. Илҳом ва ба ёди мо киштинишастагони Ҳофиз мерасанд ва зарбу оҳанги ҳазрати Бедилро ҳам эҳсос мекунем, ки таркиби «Ин ҷо» –ро басе дӯст медошт. Аммо, ҳамзамон равшан аст, ки ин байтро шоири имрӯз гуфтааст: шоире, ки ба тақдири сайёра ва абнои башар меандешад, шоире, ки бо қуввату қудрати муҳаббаташ масъули нигаҳдории дунёст! Ба тасдиқи ин ҳуруф Илҳом мегӯяд:


Он рӯз меояд яқин бо амри Садрулоламин
Аҳли башарро муждаи амну саломат мерасад.


Илҳом дар ашъораш ба тимсолу тандису талмеҳҳои асотириву ирфониву таърихӣ бисёр руҷуъ мекунад, ки далели дигарбораи муҳаббати беқиёси ӯ ба осори ниёкон аст. Талмеҳҳои Авасто, Аҳуро, Аҳриман, Аржанг, Монӣ, Борбад, Юсуф, Канъон, Оли Имрон, Мӯсо, Салмон, Мансур, Лайливу Маҷнун, Фарҳоду Ширин, Кова, Рустам, Гурдофарид, Сиёвуш, Лоту Манот, Шохи Набот ва амсоли ин, ки борҳо дар ашъори Илҳом мукаррар мешаванд, ҳамеша дар мақому мавқеи шоиста меоянд ва гоҳ–гоҳ ба шеъри ӯ як андоза шавкату шаҳомати қадим мебахшанд. Аммо, ҳамзамон хонанда дармеёбад, ки бо шоири имрӯз рӯ ба рӯст, бо шоире, ки бо фитрати гираҳкушо мехоҳад дардҳои оламу одами муосирро чорасозӣ намояд ва барои ҳамагон иксири бақо ҳадя созад:


Бе илоҷу чора монда аз куруно илми тиб,
Ҳеч як модар табибе мисли Синоро наёфт.


Ё ҷои дигар мегӯяд:


Хатсайрҳои баставу маҳдудҳои вақт,
Оре, парандаи ба қафас мустақар шудем.


Илҳом ҳамеша дар коргоҳи ҷустуҷӯву таҳқиқу тамринҳост. Ӯ замоне, ки ба умқи шеъри бузургон роҳ мепӯяд, бо ҳолу ҳавои эшон нидо мекунад:


Ғубори роҳи ғурбат мерасад аз ҳиҷратободе,
Ғариби беватанро пайки ҳиҷрон ҷустуҷӯ дорад.


Аммо замоне дигар бисёр содаву одиву бепироя ба модар роз мегӯяд:


Дам мазан аз бемадорӣ, хастагӣ,
Пир не, ҳоло ҷавонӣ, модарам.


Дар назар ин байт басе сода метобад, аммо дар асл ҳамин ҳуруфи беороишу беолоиш дар ҳарири нафиси муҳаббат ончунон печидааст, ки дилҳои моро такони зебо мебахшад.
Ман Илҳомҷонро, ки парвардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва чандин соли навсабзиву навҷавониаш дар домони шарифи ҳамин боғшаҳри хуршедӣ сипарӣ шудааст, дар шумори дӯстони мустақими худ медонам. Бароям пайки пурнишот ин аст, ки баъди бозгашт ба зодбум ва як андоза баркандагӣ аз ҳалқаи забониву адабиву фарҳангии Хуҷанд ӯ на ба самти заволу таназзул, балки ба сӯи тараққиву такомул ҳаракат мекунад. Таманно мекунем, ки ӯ бо зеҳну завқу нигоҳу андешаҳои рафеъ ба шаклҳои гуна - гунаи ҷадиду суннатии шеър боз ҳам бебоктар рӯ оварад ва бо таҷрибаву худгудозиву худифшоиву худофариниҳои нав ба нав муғаннии бирешимнавози ишқ дар тамоми Тӯронзамин – дар Тирмизу Насафу Бухоро, дар дилу руҳу ҷони мо, дар ҳама ҷо, дар ҳама ҷо бошад!


ФАРЗОНА
Шоири халқии Тоҷикистон

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо