Маҷалла "Дурдонаи Шарқ"

ПИРИ ҲИРОТ

Мубодила:


Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ [2-юми моҳи шаъбони 396 ҳ.қ./ 1006, 10 апрел, Куҳандиж, Ҳирот - 22-юми зулҳиҷҷаи 481 ҳ. қ. / 1089, Козургоҳ, Ҳирот] - шайх, пир, мутакаллим, муҳаддис, фақеҳ, шоир, ориф ва мутафаккири бузурги адабиёти ирфонӣ буда, ҳанӯз дар замони зиндагиаш бо унвони «Шайх ул-ислом» ва «Пири Ҳирот» овоза пайдо кардааст. 
Номи пурраи ӯ: Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Абӯмансур Муҳаммади Ансорӣ буда, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба омӯзиши илмҳои исломӣ: калом, ҳадис, тафсир, таъвил, тавҳид ва илмҳои дунёвӣ: забони порсӣ, арабӣ, ҳикмат, адаб ва шеър завқи фавқулодда зоҳир намудааст.
Ӯ дар бораи табъи закӣ ва истеъдоди фитрии худ чунин ишорат намудааст: «Чаҳорсола будам, ки ба дабистон шудам ва нӯҳсола имло менавиштам ва шеър мегуфтам, чаҳордаҳсола будам, ки маро ба маҷлис нишонданд ва дигарон бар ман ҳасад мекарданд...»
Вай таҳсили илмро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур гирифта, сипас аз устодаш Имом Шарифи Марғазӣ илми фиқҳро ва дар шаҳри Ҳирот аз Абулфазл Муҳаммади Ҷорӯдӣ [1022 м.] илми ҳадисро омӯхтааст. Илми тафсир ва ҳадисро аз Хоҷа Яҳёи Аммор [1031 м.] фаро гирифта, аз фақеҳи ҳанбалӣ Абӯабдуллоҳи Тоқӣ [ваф. 1025] фиқҳи ҳанбалиро ҳифз намуд.
Сафарҳо. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ба Хуросон, Эрон, Ироқ ва Арабис­тон, ба вижа дар шаҳрҳои Балх, Нишопур, Тӯс, Рай, Бастом сафар намуда, муддатҳо дар ин шаҳрҳо зиндагӣ намудааст. Ӯ дар шаҳри Рай бо Бобо Кӯҳӣ ва дар Нишопур бо Шайх Абӯсаиди Абулхайр дидор ва мулоқот кардааст.
Муршид. Вай дар шаҳри Рай бо пири худ Абдулҳасани Харақонӣ муҳовара намуда, аз ӯ асрори тавҳидро омӯхта, рӯ ба тариқат ниҳодааст.
Ӯ асаре бо номи «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ» [Дар мазаммати калом ва аҳли он] [соли таълифаш 1080] навишта, дар он ноқисиҳои мазҳаби ашъариро мазаммат намуд. Алайҳи ин рӯҳониёни мутаассиби мухолифин фитна намуда, ӯро бо тӯҳмат ба зиндони Фушанҷ, ки воқеъ дар беруни Ҳирот буд, зиндонӣ намуданд. Ба замми ин ӯро боз ду бор зиндонӣ ва се маротиба аз зодгоҳаш бадарға кардаанд.
Осор. Осори Абдуллоҳи Ансорӣ бо намудҳои наср ва назм ба забонҳои порсӣ ва арабӣ эҷод гардида, номгӯи онҳо чунин аст:
I. Осори мансур. Ба осори мансури Абдуллоҳи Ансорӣ китоб ва рисолаҳои зерин мутааллиқ аст:
1. «Илоҳинома» [дар бархе аз манбаъҳо бо номи «Муноҷот» ва «Малфузот» низ оварда шудааст], 
2. «Табақот-ус-суфия». 
3. «Манозил-ус-соирин» [ба забони арабӣ ва порсӣ], 
4. «Муҳаббатнома», 
5. «Ганҷнома», 
6. «Қаландарнома»,
7. «Рисолаи дилу ҷон», 
8. «Канз-ус-соликин», 
9. «Зод-ул-мусофирин», 
10. «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ»,
11. «Рисолаи воридот», 
12. «Ҳафт ҳисор», 
13. «Сад майдон», 
14. «Насоеҳ» ва ҳоказо.
Асарҳои ба забони арабӣ таълифнамудаи Абдуллоҳ Ансорӣ чунин ном доранд: 
1. «Манозил-ус-соирин илал ҳаққ-ул-мубин», 
2. «Замм-ул-калом ва аҳлиҳӣ», 
3. «Китоб-ул-арбаин», 
4. «Ал-Форуқ фӣ сифот», 
5. «Маноқиб-ул-Имом Аҳмад Ҳанбал», 
6. «Илал-ул-мақомот», 
7. «Шарҳ-ут-таарруф лӣ мазҳаб-ит-тасаввуф» [шарҳи асари «Ат-Таарруф»-и Абубакр Муҳаммад Калободии Бухороӣ [ваф. 1087] ва ғайра  
8. «Манозил-ус-соирин» [таълиф 1082 таълиф гардида, он аз даҳ боб ва ҳар боб аз даҳ қисмат иборат аст ва ин асар соли 1898 дар Теҳрон ба тарзи литографӣ ва соли 1953 дар Қоҳира интишор гардидааст].
Осори тоҷикии Абдуллоҳ Ансорӣ:  1. «Канз-ус-соликин»; 2. «Зод-ул-мусофирин»; 3. «Муҳаббатнома»;  4. «Сад майдон» буда, барои омӯзиши ҷаҳоншиносии Абдуллоҳи Ансорӣ ҷойгоҳи хос дорад. 
Абдуллоҳи Ансорӣ асаре бо номи «Анис-ул-муридин ва шамс-ул-маҷолис» бо наср эҷод намудааст, ки дар он достони саргузашти ишқи Юсуф ва Зулайхоро бо маъонии рамзии ирфонӣ баён намудааст. Асари мазкур дар китобхонаи Индиа-Оффис таҳти рақами 1458 нигаҳдорӣ карда шудааст. 
II. Абдуллоҳи Ансорӣ ба эҷоди шеър истеъдоди фавқулодда дошта, намунаи ашъори ӯ дар таркиби осори насриаш дар намуди ғазал ва рубоиҳои ирфонӣ оварда шудааст.
Вафот. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ 22-юми моҳи зулҳиҷҷаи соли 481 ҳ.қ. / 1089 м. дар рустои Козургоҳи шаҳри Ҳирот вафот намудааст.
         Норхоҷа ЧОРИЕВ,
котиби масъули маҷалла


НАМУНАИ АШЪОР

Ё Раб! Дили поку ҷони огоҳам деҳ!                           
Оҳи шабу гиряи саҳаргоҳам деҳ!
Дар роҳи худ аввал зи худам бехуд кун,                  
Бехуд чу шудам, зи худ ба Худ роҳам деҳ!
                          *   *   *
Он кас, ки туро шинохт ҷонро чӣ кунад?!              
Фарзанду иёлу хонумонро чӣ кунад?!
Девона кунӣ ҳар ду ҷаҳонаш бахшӣ,                        
Девонаи Ту ҳар ду ҷаҳонро чӣ кунад?!  
                       *   *   *
То дар раҳи ишқи ӯ муҷаррад нашавӣ,                    
Ҳаргиз зи худии хеш бехуд нашавӣ.
Дунё  ҳама бандест бар гардани ту,                            
Дар банди қабул бош, то рад нашавӣ!
                       *   *   *
Бодо карами ту бар ҳама поянда,
Эҳсони ту сӯи бандагон оянда. 
Бар бандаи худ гуноҳро сахт магир,
Эй довари бахшандаву бахшоянда!
                      *   *   *
Эй воқифи асрори замири ҳама кас,
Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас .
Аз ҳар гунаҳам тавба деҳу аҷз пазир,
Эй тавбадеҳу аҷзпазири ҳама кас!
                       *   *   *
Андар дили ман бад-ин аёнӣ, ки туӣ,
В-аз дидаи ман бад-ин ниҳонӣ, ки туӣ.
Вассофи туро васф надонад кардан,
Ту худ ба сифоти худ чунонӣ, ки туӣ!
                         *   *   *
Ё Раб! Зи шароби Ишқ сармастам кун,
Дар ишқи худат нест куну ҳастам кун!
Аз ҳар чӣ зи ишқи худ тиҳидастам кун,
Якбора ба банди ишқ побастам кун!



             *   *  *
Дил дарди туро ба ҷон мудово накунад,
Дар ишқи ту ҷон зи ғам муҳобо накунад.
Морову ғамат ба кас нагӯем агар
Бӯи ҷигари сӯхта расво накунад.
               *   *  *
Ин ҷаҳону он ҷаҳону ҳар чӣ ҳаст,
Ошиқонро рӯйи маъшуқ асту бас.
Гар набошад қиблаи олам маро
Қиблаи ман кӯи маъшуқ асту бас.
                  *   *   *
Бинмой рӯе, ки рӯнамоянда туӣ,
Бигшой даре, ки даркушоянда туӣ.
Зангори ғамон гирифт даври дили ман,
Биздой, ки занги дил зудоянда туӣ.
                   *   *   *
Не аз ту ҳаёти ҷовидон мехоҳам,
Не айшу танаъуми ҷаҳон мехоҳам.
Не коми дилу роҳати ҷон мехоҳам,
Ҳар чиз ризои туст, он мехоҳам!
                   *   *   *
Гар дард диҳад ба мову гар роҳат дӯст,
Аз дӯст ҳар он чизе, ки ояд некӯст.
Моро набувад назар ба хубию бадӣ
Мақсуди ризои мо хушнудии Ӯст.
                    *  *  *
Ё Раб! Ту маро инояти рӯзӣ кун,
Шоистаи хешу тоати рӯзӣ кун.
З-он пеш, ки фориғ шавам аз кори ҷаҳон
Андар ду ҷаҳон фароғати рӯзӣ кун. 
                         *  *  *
Мақсуди дилу муроди ҷонӣ ишқ аст,
Сармояи умри ҷовидонӣ ишқ аст.
Он ишқ бувад к-аз ӯ бақо ёфта Хизр
Яъне, ки ҳаёти ҷовидонӣ ишқ аст!                  

Тақвим

«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Ба бюллетени мо обуна шавед!
Мо спам намекунем

Калидвожаҳо